Хизмат ба Ватан рисолати мардонагист!

Аз замони таъсисёбӣ то кунун Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон обутоб ёфт ва чунон нерӯманд шуд, ки тавонист якпорчагии кишвар, сарҳад ва сулҳу суботро дар мамлакат ҳифз намояд.

Зиёда аз ин, ҳамасола баргузории маъракаи муҳими даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони моро дар рӯҳияи дӯстдори Ватану миллати хеш будан тарбия намуда, худогоҳиву меҳанпарастии онҳоро обутоб медиҳад. Ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дониста шудааст. Қобили зикр аст, ки алҳол барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Сол аз сол сафи хоҳишмандон барои ҳимояи марзу буми кишвар зиёд гардида, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар шаҳри Исфара ҷараён дорад.

 Бино ба гуфти Комиссари ҳарбии шаҳри Исфара Исмоил Амирзода, имрӯз ҷавонон ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардида истодаанд. Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Исфара дар умум то санаи 12-уми октябри соли равон 44 фоиз ба ҷо омадааст. Дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ, Ворух 107 фоиз ва Шӯробу Нурафшон аввалин шуда нақша 100 фоиз иҷро гардид. Артиши миллии мо ба мактаби бузурги тарбияи ватандӯстию ватандорӣ ва мардонагӣ табдил ёфта, даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

 Дар лаҳзаҳои хеле мушкил, ҳамчун ҳомиёни содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати навини тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд. Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омўхта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд.

Иззатулло Давлатов - зодаи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара:

-Банда ду сол пеш адои хизмати Модар – Ватан намудам, ки яке аз қарзҳои шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пурзўр намудани иқтидори мудофиавии кишвар, ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан ва баланд бардоштани донишу малакаи ҷавонон мебошад. Имрўзҳо шароит дар қисми низомӣ хуб буда, аз ягон чиз мушкилӣ надорад. Ман аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ифтихор дорам ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки даъватшавандагон дар интихоби худ хато нахоҳанд кард.

Изатулло имрӯз шукри давлати соҳибистиқлол, тинҷию осудагии диёр мекунад ва бовар дорад, ки мардуми меҳнатқарини кишвар бо дастгирӣ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи расидан ба муваффақияту комёбиҳои беназир саъю талош меварзанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh