Хатари терроризм ва экстремизм ба замони муосир

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш  мебошад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амниятии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода истодааст. Дар ин замина мақомоти дахлдори кишвар аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода бурда, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми байналмилалиро таъсис дода, ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок бартараф кардаанд.

Ифротгароён асосан ҷавононро фирефта ва ба сафҳои худ шомил карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳадафҳои ин шахсон ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Тоҷикистон давлати ҷавонон аст, зеро теъдоди бештари сокинонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин ифодагари он аст, ки кувваю иродаи ҷавонони кишвар нерӯи ояндасоз аст ва насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паӣи омӯзишу тадқиқ бошанд.

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

Дар самти тақвият додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣ метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.

Бегматова Мӯътабар
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, ДДХ

Add comment


Security code
Refresh