Алайҳи терроризм ва экстремизм муборизаи дастаҷамъона мебояд!

Терроризм ва экстремизм яке аз муаммоҳои асосии ҷомеаи башарӣ маҳсуб ёфта, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ба сафи худ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Гуруҳҳои террористӣ, ба ҷомеа ба ҳар роҳу васила хатар эҷод кардан мехоҳанд. Асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, ба тафаккури шаҳрвандон таъсир расонда, онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ  шомил намоянд, ки ин яке аз муаммои асосии айём мебошад.

Дар замони муосир сафи ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд.

Терроризм дин, мазҳаб ё миллат надорад. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем.

Имрӯз Тоҷикистон ба воқеаҳои ҷаҳон бетараф шуда наметавонад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд оромии кишвари моро халалдор созанд, аз хориҷа истода тақдири миллатро ҳал намоянд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили давлату халки худ барангезанд. Муқобили мусулмонон, калонсолону кӯдакон, ҳамдиёрону ҳамватанони худ?

Бо назардошти ҳамин мо, аҳли ҷомеаро лозим аст, ки  ба мардум фаҳмонем, ки ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар мафкураи одамонро вайрон карданӣ мешаванд, дар асл хоинони ватанфурӯшанд. Ҳамаи гуфтахояшон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст.

Имрӯз мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

Бештар ба ҳунаромузӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки  муттаҳид, якдил  бошанд, ба иғвои хоинон дода нашаванд, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то дар зеҳни ҷавонон афкори солим парварем.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, ҳадафи он нопок аст. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад.  Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати он нохуш ва нанговар доранд.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланда миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми қонунро ташаккул бояд ёфт.

Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Х. Бекалиев.,
 омӯзгори кафедраи умумидонишгохи фалсафа, ДДХ

Add comment


Security code
Refresh