ЗЕРИ «СОЯ»-И ХОҶАГОНИ ХОРИҶ

Шукри истиқлол, шукри даврони осоиштаву оромиро мегӯем, ки пас аз гузашти солҳо ба чунин замони тинҷу обод расидем. Шукри онро дорем, ки имрӯз фарзандони насли соҳибистиқлол дар макотибҳои олии дигар мамолик таҳсили илм доранд. Шукри онро мекунем, ки соҳибтахассусони миллати мо бо донишу ақлу хирадашон Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Ва дар ҳамаи ин иқдоми шоиста албатта ҷонибдорию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос мешавад.

Дар миқёси ҷаҳон шинохта гардидани Тоҷикистон буд, ки чорумин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат оид ба масъалаи об дар Созмони Милали Муттаҳид оиди солҳои 2018- 2028-ум Барномаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор” ҷонибдорӣ гардид. Ва дар ин бобат корҳои созандагӣ, барномаҳои мушаххас пешниҳод  гардидааст.

Пешвои муаззами миллат аз зумраи сарварони адолатпешаву раъиятпарвар ҳастанд, ки масъалаи таъмини амнияти мулки хешро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста, дар ободу гул - гулшукуфоии он ҷаҳду талош меварзанд.

 Сад афсӯс, ки чунин пешравиро алҳол ҳаммиллатони мо, ки тавқи гуреза бар гиребон задаанд, дида наметавонанд. Онҳо фардҳое ҳастанд, ки дар дил буғсу адоват доранду ба макони ба воярасидаашон, ба модар, ба халқ дилашон намесӯзад, балки бо суханҳои таҳқиромезу ҳисси бадбинӣ аз дуриҳо дур санги маломат мезананд. Заррае дар вуҷуди худ раҳму шафқат надоранд, сӯиистифода аз дини мубини ислом корҳои ношоистаро анҷом медиҳанд. Дар “соя” – и хоҷагони хориҷии худ бо ҳидояти онон  кору амалашон Тоҷикистони соҳибистиқлолро сиёҳ кардан аст, ки асло ба мақсад нахоҳанд расид, зеро ба гуфтаи халқ “бадхоҳ ҳеҷ ба мақсад нарасад”.  

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм ва терроризм мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсии худ расидан аксар ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ба эътиқоди динии дигарон таъсир расонида, аҳолии ҷаҳонро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Эшон дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд.

Чунин нафарон албатта нотавонбинон, аъзои ҳизби экстремистии наҳзат ки ҳама пешравии мамлакатеро, ки пас аз нобасомониҳо ҳанӯз умри сисола дорад, чашми дидан надоранду бо лофзаниҳои хеш мисоли сагҳои дайду аккос мезананд, ки он аввалан асос надораду сониян, ба гӯши мардуми сулҳпарвару ватандӯст намефорад, зеро мо, тавре ишорааш рафт, дар мулки ободу биҳиштосо, дар Ватани ободу зебо, дар маконе, ки меваҳои шаҳдбор дорад, умр ба сар мебарем.

Зайнура ЗАРИФОВА,

сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh