Ба ақидаҳои ифротӣ дода нашавем

Тайи як моҳи охир дар сархати мавзӯҳои ВАО-и минтақа ва ҷаҳон реша давонидан ва ба сари қудрат расидани ҳукумати толибон қарор дорад. Воқеан ба қудрат расидани як гурӯҳи террористӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеаи башарист. Зеро ҳайати ҳукумати эълоннамуди толибон бидуни аққалиятҳои миллӣ дар Афғонистон маҳсуб меёбад, ки то кунун онҳоро ягон давлат ба расмият напазируфтааст ва итмимонон дорем, ки ин гуруҳи терроистиро нахоҳанд пазируфт.

Лозим ба тазаккур аст, ки асри 21 асри бархурди тамаддунҳост, яъне абарқудратҳо мехоҳанд давлатҳои нисбатан хурдро зери тасарруфи худ дароранд. Аммо то кунун афроди палиду нотавонбин вуҷуд доранд, ки пешравиҳоро дидан намехоҳанд ва ҳамеша мехоҳанд аз кӯчактарин камбудиҳо даҳан во кунанд. Ин хоинони ватанфурӯш худ барои давлату миллат ба ҷуҷ иғвогариву дасисабози кореро смон надоданд. Эшон дастпарварони мактаби хоинии Муҳиддин Кабирӣ мебошанд, ки рафтору кирдораш аз толибон камӣ надорад. Ба ин гуруҳ Муҳаммадиқболи Садриддин ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ шомиланд, ки ҳадафи аслиаашон ба ҳар роҳу васила ноором сохтони фазои сулҳу осооштигӣ дар кишвариазизамон Тоҷикистон мебошад.

Ин палидони нохалаф ва ватанфурӯш имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамтоёнашон яъне толибон ҷонибдорӣ мекунанд, ки боиси нигаронист. Ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳони алайҳи ин ҳукумати муваққатиияккаҳукмрони толибон назари интиқодӣ намуданд.

Ҳар як нафари худогоҳу худшинос бояд хуб дарк намояд, ки ҳастии чунин гуруӯҳҳо ва ба сари қудрат расидани онҳо, ба минтақава ҷаҳон хатар эҷод мекунад. Ба андешаи коршиносон агар вазъият дар кишвари дусту бародар Афғонистон чунин боқӣ монад, ин кишвар ба маркази омодакунандаи терроризм мубаддал хоҳад ёфт.

Мо ҷонибдори сулҳу осоиштагӣ дар саросари ҷаҳон ҳастем. Ба ақидаҳои ифротии хоинони миллати тоҷик бояд дода нашавем ва ҳамеша дар пайи тарғиби андешаи солим дар байни ҷавонон ва ҷомеа бошем. Дар хотир бояд дошт, ки бори каҷ ба манзил нахоҳад расид.

Самири Салим

Add comment


Security code
Refresh