Аъзоёни ТТЭ ҲНИ зархаридони хориҷианд

Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба роҳи созандагиву бунёдкорӣ дохил шуд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ давлати мо ба дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гашта, обрӯву эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд намуд. Аммо ин муваффақиятҳои миллати тоҷикро баъзе гуруҳҳои мухолиф нодида гирифтанд.

Аз он ҷумла гурӯҳи ифротии ТТЭ ҲНИ бо зархаридони хориҷиашон ва бо дастгириву супоришҳои онҳо берун аз мамлакат истода ҳар гуна хабарҳои иғворонаро паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд дар Тоҷикистон низоъ барангезанд. Яке аз шахсиятҳое, ки ба нооромиҳо даст дорад. М. Кабирӣ ва пайрави ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Ин ду нафар доимо дар шабакаи ютиб бо баромадҳои иғвогаронаашон давлати Тоҷикистонро сиёҳ мекунанд. Дар ҷомеаи мутамаддини демократӣ барои инкишофи гуногунандешӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, назарҳои мухталифи ҳизбу гурӯҳҳо баҳри дарёфти ҳалли мушкилот бояд ёрӣ расонанд. Дар ин росто фаъолият бояд дар доираи талаботи оромию озодии шаҳрвандон иҷро шавад ва ба асосҳои давлат таҳдид накунад. Аммо агар фаъолиятҳои ТТЭ ҲНИ-ро ба риштаи таҳлил кашем, равшан мебинем, ки гуфтору рафтори аъзои ин ҳизб ба ҳам мувофиқ набуд. Онҳо дар фаъолияти хеш дурӯягӣ зоҳир карда, ба хотири расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон манфиатҳои Ватан ва миллатро сарфи назар менамуданд. Онҳо ғояи миллиро нодида гирифта мафкураи бегонаро ҷонибдорӣ менамоянд.

Мақсади асосии роҳбарони ҳизб бунёди давлати исломӣ аст. Онҳо чунон ба он андешаҳои пучашон ғӯтавар шудаанд, ки дар замони нав зиндагӣ карданашонро эҳсос намекунанд. Агар ҳизбҳои ба ном исломӣ адолат меоварданд дар Афғонистону Эрон ва Покистон кайҳо тараққиёту пешравӣ ва сулҳу осоиштагӣ ҳукмрон мегашт. Мутаассифона роҳбарони ин давлатҳо динро бо сиёсат чунон омехта кардаанд, ки асолату покии дин намондааст. Дар ин давлатҳои ба ном исломӣ ҳеҷ вақт адолат ҳукмрон набуд ва намешавад. Чунки онҳо пойбанди ҳирсу нафсонияти худ мебошанд ва аз номи расулу Худованд сухан мегӯянд.

Онҳо симои аслии хешро ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон доданд ва ҳодисаҳои он солҳо чӣ натиҷа оварданд, ба ҳамагон маълум аст. Аммо ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳ, истиқлолият ва муттаҳид сохтани кишвар аз ҷониби давлат ба фаъолияти ин ҳизб иҷозат дода шуд. Вале тавре рафти ҳодисот ва мавқеи ин ҳизб нишон дод, наҳзатиён манфиати хоҷаҳои хориҷии хешро аз ҳар манфиати дигар болотар мегузоштанд. Мавқеи нисбат ба аҳдофи миллии мо бегонаро ихтиёр мекарданд. Дар ҳама маврид аъзои фирории ин ҳизб ба пешрафту комёбиҳои халқҳои Тоҷикистон хати бутлон кашида, дар арсаи ҷаҳон ҷор мезананд ва пешрафти бемайлони кишварамонро зери шубҳо ва танқиди беасос мекашанд. Ҳадафи аъзоёни ин ҳизб муайян аст. Онҳо мехоҳанданд худро дар назди маблағгузарони хориҷиашон “содиқ” нишон диҳанд. Ҳаргиз наметавон фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро аз оғоз то ба анҷом мусбат арзёбӣ кард. Зеро онҳо аҳамияти осоиштагӣ, озодӣ ва шукуфоии меҳанро нодида мегиранд ва ҳамеша ҳангомаҷӯӣ карда, худро аз мардуми Тоҷикистон ҷудо намуда, вазъи ҷомеаро муташанниҷ месозанд.

Сангинзода Зафар

Add comment


Security code
Refresh