Ба фиребу найранг ва иғвоҳои хоинони миллат фирефта нашавем!

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрўза ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу равияҳои ифротӣ ҳастанд, ки дар Ватани азизи мо- Точикистон пинҳонӣ ва дар хоричи кишвар ошкоро фаъолият намуда, бораи амали намудани мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, муҳимтар аз ҳама тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. Чунончӣ фаъолияти ташкилоти террористӣ,иғвоангез ва хиёнаткор ҲНИ бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудаасту имрўз роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар бодастуру супориши хоҷагонаш кӯшиш намуда истодааст, ки ҷавонон ва мардум ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаашро иҷро намояд.

Мушоҳидаҳо собит менамояд, ки пас аз аёну исбот шудани амалҳои разилонаи наҳзатиён, Кабирӣ бо супориши хоҷагонаш ва бе ягон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда номи ҳизбро иваз намуда, Паймони миллӣ.. ном гузошта, имрўз тариқи барномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ амалҳои тахрибкоронаашро идома дода истодааст. Бобаробари ин яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бешарафро мисол оаврда, қайд қардан бамаврид аст, ки ў шахси дурўяву хушомадгўй буда, бо ақидаҳои ғаразнокаш аз сомонаҳои интернетӣ дар барномаи “Пайванд” сухан гуфта, чун дигар шарикони худ дар доираи ТТЭ ҲНИ мехоҳад мардумро гумроҳ кардан кўшиш дорад. Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки мардуми бо ору нанги тоҷик ва умуман ҷавонони саодатманд аз ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта куллан фарқ доранду сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд. Зеро мақсаду нияти наҳзатиён хиёнат ба давлату миллат ва теша задан ба решаи миллат аст. Бо боварии комил метвон қайд кард, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол ба иғвою тӯҳматҳо, ғайбату дасисаҳо ва фиребу найрангҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ амсоли ТТЭ ҲНИ - «Паймони миллӣ…» фирефта нашуда, суханҳои иѓвоангезашонро шадидан маҳкум мекунанд. Хушбахтона мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Норматзода Хусрав

Add comment


Security code
Refresh