Хоинон ҳамавақт хоин мемонанд

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пур аз фитнаву дасисаву бозиҳои сиёсӣ гардида, ин раванд дар пайи худ кишварҳои орому осоиштаро низ бетаъсир нахоҳад гузошт. Ҳамарӯза тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои тундраву зидди давлатӣ бархе аз ҷавонону сокинони гумроҳшударо бо ҳар роҳу восита ба доми худ шомил менамоянд. Ҷавонони гумроҳ бехабар аз ҳадафҳои нопокиин гурӯҳҳои ифротӣ, ҳаёти ширину умри қиммати хешро дар хатар мегузоранд.

Боиси таассуф ва нигаронии зиёд аст, ки рӯз то рӯз сафи чунин гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз ҳисоби ҷавонон зиёд гашта истодааст, ки барои ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми кишварҳо хатарфизо мебошад. Аксаран шомилшавии ҷавонон тариқи сомонаҳои интернетию шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, ин зуҳуроти номатлуби аср домани худро паҳн намуда истодааст. Бисёре аз ҷавонони гумроҳгашта қурбони терроризму ифротгароӣ дар ин ё он минтақа гашта, падару модари хешро мотамзада намуда, номи миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ доғдор месозанд.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон, маҳз миллат метавонад соҳиби давлат, обрӯ ва эътибор дар арсаи байналмилалӣ бошад.

Агар мо ҷавонони бо нангу номуси кишвар пеши роҳи ҳамин гуна ақидаҳои бади тафриқаандозонро тавассути ақидаи солими хеш пешгирӣ накунем, мебинем, ки ин гуна хоинон бо вокунишҳои муғризонаашон миёни мардуми тоҷик тафриқа меандозанд.

Чеҳраҳои манфури давлатҳои фитнаангез бо бозиҳои паси пардагӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик дар замони давлатдории миллӣ баръало намоён гашт.

Наҳзатиён нафраташон бо бародарони хеш чунон зиёд аст, ки имрӯз низ аз ягон кори бад даст намекашанд. Имрӯз низ собиқ роҳбарони ин ҳизб дур аз ватан дар сояи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, мехоҳанд, ки боз дасисаҳои наве барпо карда, Ватани ороми моро ноором созанд. Ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода содиқона паи хизмат ба миллату кишвари худ бошанд. Шукри тинҷӣ ва ободиро бояд кунем.

Назаров Ш.

Add comment


Security code
Refresh