Рӯбоҳи маккор дум мекобад?
- Details
- Published on Thursday, 01 August 2024 08:30
Далелҳои илмиву таҷрибаи ҳаётӣ гувоҳӣ медиҳад, ки на ҳамаи натиҷаҳои раванди таҳаввулоти табиӣ дар зиндагӣ боиси комёбиву пешравӣ мешаванд. Исботи ин гуфтаҳоро метавон дар мисоли думи зебову вале хатаровари рӯбоҳи маккор мушоҳида намуд. Зеро, дар давраи шикор думи рӯбоҳ аз паноҳгоҳи ӯ намудору ҷонварони шикориро аз наздикию макони рӯбоҳ хабардор месозад ва ба барорёбии шикори ӯ меоварад. Ҳангоми гурехтани рӯбоҳ аз душманони табиӣ бошад, думи ӯ мушкилотҳои нав – часпидан ба хору буттаҳо ва ғайраро ба бор оварда гурехтани рӯбоҳро душвор мегардонад. Лекин, барои рӯбоҳ дум мавқеи муҳими виқору зебо дорад ва ӯ хоҳиши аз дум ҷудо шуданро надорад.
Шабеҳи ин махлуқи маккорро метавон дар амалҳои муртадонаи Муҳиддин Кабирӣ –роҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати ислом, ки борҳо чун бӯқаламун ном иваз кардаву ботинаш сиёҳ боқӣ мондааст, мушоҳида намуд. Ин рӯбоҳи муғриз бо маблағи хоҷагони хориҷӣ аз ҷумлаи гумроҳшудагонест, ки думи фаххак пайдо кардааст, ки ифшои насаби нопоки ин шахсони беидрокро ба ёд меоварад. Муҳаммадиқболи Садриддин, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва теъдоди ками дигари думу думравони Кабирӣ ба ӯ гарчанд чплусона хизмат намоянд ҳам, рӯбоҳ аз думравони худ на он қадар розӣ аст. Чунки, яке “бешараф”- у дигаре “қассоб”, сеюмӣ “безот”, чорумӣ “фосиқ” ва дигарон низ аз тоифаи мунофиқонанд. Рӯбоҳ боисрор мехоҳад дум иваз намояду бо ин мақсад ҷор мезанад, даъват мекунанду худро чун “ғамхори мардум” реклама мекунад. Вале, то ҳанӯз нафарони нав, ки фирефтаи суханони Кабирӣ пайдо нашудаанду ин бечораи ватангадои хоину мазҳабфурӯш бо думи кӯҳнашудаи бекора боқӣ мемонад. Мехоҳад, ки думи кӯҳна бурад, лекин ба хоҷагони аҷнабӣ рӯбоҳи бедум маъқул нест. Ҳайрону сарсон дар чороҳҳаи зиндагӣ мондаасту нияте дорад, чун хоҷагонаш ба сифати мори заҳрнок табдил ёбад. Танҳо андеша дорад, ки ҳангоми ба мор мубаддал гаштанаш чӣ тавр думравони ӯ хизмат мекарда бошанд? Зеро, барои мор дум узви муҳим асту бе он натавонад ҳаракате анҷом диҳад? Муҳиддин Кабирӣ беватану беимон буду хавотир аст, ки минбаъд батахаллуси ӯ номҳои нави “бедум”, “думбурида”, “думкӯҳна”, “калдум” ва дигар ҳамроҳ мешаванд?
Эҳтимол меравад, ки ин ҷазои Парвардигор барои хиёнаткориву мазҳабфурӯшии Кабирӣ бошад?!!!!!!
М.С. Собиров – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”