Даъвоҳои беасос
- Details
- Published on Thursday, 20 June 2024 10:12
Дар замони муосир башарият бо як зумра мушкилоте рӯ ба рӯ шудааст. Кӯшиши абарқудратҳои олам ба тақсими бозорҳо ва минтақаҳо, амалкарди онҳо танҳо ба нафъи геополитикии хеш, ба сари мардумони гуногундину мазҳаб ва гуногунтамаддун бор кардани арзишҳои мамолики тавоно, аз сӯи дигар – хавфи аз байн рафтани арзишҳои миллии кишварҳои хурд дар натиҷаи ҷаҳонгароӣ боиси он шуд, ки муаммо барои инсоният гашт ва ин муаммоњо имрўз њалли худро металабад.
Дар харитаи олам пайдо шудани нуқтаи доғе бо ном «ДИИШ», дар ҳама манотиқи дунё, дар ҳама давлатҳо новобаста аз дину мазҳаб густариш ёфтани мафкураи зиддиинсонии ин гурӯҳи террористӣ ба дини мубини ислом бо ҳама шукӯҳу шаҳомати инсонпарвариаш зарбаи хеле қавӣ гашт. Ҳоло дар аксар кишварҳои олам аз самараи бади фаъолияти ин гурӯҳи пурхатар аз вуҷуди мусулмонон ҳазар мекунанд, номи поки исломро бо падидаҳои нанговаре, чун тундгароиву терроризм пайванд медиҳанд.
Аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ аз зумраи чунин ифротиёне ҳастанд, ки бо истифода аз дини мубини Ислом мақсадҳои нопоки худро амалӣ намудан мешаванд.
Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз чунин ифротиёне мебошад, ки мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, дар њаќќи кишвари хеш тўњмату бўњтон мезанад. Аз номи дини Ислом баромад намуда, ба ҳар роҳу восита мехоҳад мардумро фиреб дињад, дар байни љомеа тафриќаандозї ба вуљуд орад. Вале мо мардуми Тоҷикистон ин хоинро хуб мешиносем ва ҳаргиз ба ӯ ва хоҷагони ӯ бовар нахоҳем кард.
Дирўз дар шабакаи иҷтимоии ютуб баромад намуд, ки он гувоҳӣ он буд, ки ӯ дар ҳақиқат фурӯхтаи хоҷагони худ гаштааст.
Мо бояд хуб донем, ки сулҳи тоҷикон ки мо дар арафаи он таҷлили 24-солагии он қарор дорем, ба арзонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем то ин, ки сулҳ ҷовидон ва пойдор бимонад ва мероси наслҳои ояндаи мо бигардад!
Саломов Д. – мудири бахши
кор бо ҷавонони ДДҲБСТ