Хиёнаткори миллат
- Details
- Published on Thursday, 20 June 2024 10:12
Муҳаммадиқболи Садриддин, хиёнаткори ватани хеш буда, 43-сола аст, дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтааст. Се соли охир ӯ роҳбари вебсайти Isloh.net мебошад.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 15 октябри соли 2020 эълон кард, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин пас аз муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Каюмов Носоҳиддин боз шудааст. Онҳо изҳор доштанд, ки Садуриддинов маблағҳои онҳоро дар ҳаҷми 430 000 доллар аз худ кардааст. Пул, ба гуфтаи даъвогарон, дар назди шоҳидон соли 2010 дар Дубай супурда шудааст. Парвандаи ҷиноӣ нисбати номбурда таҳти моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Қаллобӣ дар миқёси махсусан калон”) оғоз шудааст. Дар кӯдакӣ, падари ӯ ӯро ба фармондеҳони саҳроии Афғонистон фурӯхтааст.
Он далел, ки Муҳаммадиқболи Садриддин тарзи ҳаёти бадахлоқонаро пеш мебарад, шубҳае нест, аммо ӯ ба пайравонаш дар шабакаи иҷтимоӣ гуфтаҳои оятҳои Қуръони каримро такрор мекунад. Дини Ислом дини ростӣ ва имони пок аст ва ахлоќи нопок мазаммат карда мешавад. ТТЭ ҲНИ дар заминаи арзишҳои принсипҳои аврупоӣ ахлоќи бањри кишвари мо бегонаро таблиғ мекунад.
Ба ҷуз муроҷиати аҳмақона ва сухангӯии беадабона дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо дигар кори ҳалолу қонунӣ машғул будани ӯ изњор намешавад. Ў танҳо бо паҳнкунии маводҳои иғвоангезона ва пучу беасос машғул аст. Ба манфиати ҷамъият як зарра кор накардааст.
Ҳангоме, ки ӯ дар ягон ҷо бо кори расмӣ шуғл надошта бошаду, доимо бо иғвогароӣ машғул бошад, пас ӯ бо кадом маблағ зиндагӣ мекунад? Бо маблағи хоҷаҳояш ва ё даромад аз шабакаҳои иҷтимоии аз ҳисобӣ барномаҳои иғвоангезонааш?
Мо, мардуми Тоҷикистон, мутмаин ҳастем, ки маводҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда хусусияти иғвоангезона доранд ва барои паҳн кардани ҷудоиандозӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик нигаронида шудаанд. Маълумоте, ки Муҳаммадиқболи Садриддин паҳн мекунад, пур аз тӯҳмат ва таблиғи хушунат алайҳи мардуми тоҷик аст.
Каримов Р.А., н.и.и.,
дотсент, мудири кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ