Кабирии фиребхӯрда
- Details
- Published on Thursday, 13 June 2024 08:51
Чӣ тавре ки аз сомонаҳои интернетӣ ба ҳамагон маълум аст, 18 феврал сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон дар яке аз нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои конфронси минтақавӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм, ки дар Кобул баргузор гардида буд, изҳор намудааст, ки дар «Ому аз 6 то 10 ҳазор ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҳаракати «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҳизби наҳзати ислом (ҳоло ташкилоти экстремистию террористии “Ҳизби наҳзат”) ҳузур доранд».
Санаи 19 феврал дар Радиои Озодӣ сарвари ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ баромад намуда, даъво менамояд, ки суханҳои сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон бардурӯғ аст. Бояд қайд намуд, ки то он даме, ки далелҳои кифоягӣ ҷой надошта бошанд, беасос сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон дар конфронси минтақавӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм сухан накардааст. Албатта далелҳои кифоягӣ мавҷуданд.
Рӯзномагор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир ТАЛБАКОВ дар як навори видеоӣ дуруст қайд намудааст, ки Кабирӣ дурӯғӯй аст.
Мо низ гуфтаҳои ӯро дастгирӣ мекунем, дар ҳақиқат Кабирӣ шахси дурӯғгӯй аст, ҳамаи гапҳои ӯ дурӯғ аст, ӯ фақат манфиати хешро фикр мекунад, на ин ки манфиати халқи тоҷикро. Боварӣ дорем, ки тамоми мардуми тоҷик низ дурӯғгӯии Кабириро дарк менамоянд. То ба кай мо, халқи тоҷик дурӯғгӯии Кабириро шунавем, магар Кабирӣ шарм намедорад ва аз дурӯғгӯии худ даст намекашад. Маҳз бо суханҳои дурӯғгӯии Кабирӣ баъзе аз мардуми тоҷик фирефтаи ин суханҳо гардида, бар зидди давлати худ хиёнат намуданд. Соли 1992 – ум ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд ин ташаббуси маҳз ТТЭ ҲНИ ва аъзоёнаш буд, ки онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ истихдом гардида нисбати давлати худ хиёнат намуданд, ки дар натиҷа ҳамон солҳо дар Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатангез ба вуҷуд омаданд, яъне зиёда аз 80 ҳазор нафар ҳамватанони мо фавтиданд, наздики 800 ҳазор нафар ҷилои Ватан карданд, 500 ҳазор нафар кӯдакон бесаробон ва ятим монданд, ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар хисорот ворид гардид.
Кирдорҳои содирнамудаи Кабириро мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва ӯ боз мехоҳад бо суханҳои бардурӯғи хеш халқи тоҷикро зидди давлати худ равона созад. Кабирӣ инсонест, мансабталош, ҳадафҳояш нопок ва дурӯғгӯй. Мо, халқи тоҷик Кабириро ҳамчун инсон эътироф намекунем, зеро ӯ дар қатори инсонӣ нест.
М.КАРИМОВА,
муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминалистика ва пешгирии коррупсияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон