Фош гардидани фаъолияти паймон

Соле ки гузашт барои ҳамаи наҳзатиёни палиду хоҷагони хориҷиашон соли шармандагиву беобрӯйӣ буд, ки аз ин тамоми ҷаҳониён огоҳ гардиданд.

Амали душманони  миллат – наҳзатиёни фиребгарро маҳкум намуда, бар ин тоифаи бадкирдор лаънат мехонанд.

Соли  2020 метавон гуфт, ки соли бисёр ҳам ҳалкунанда ва ошкорбаёниву воқеънигорӣ буд. Дар соли рафта, миллати ватандӯст тавонист, ки аз андешаҳои махфӣ ва нопоки баъзе ташкилотҳову гурӯҳҳо огоҳ гардад.

Аз ҷумла, соли сипаригардида барои ТТЭ ҲНИ, ки ҳадафаш амалӣ гардондани ниятҳои нопоки хоҷагони хориҷиаш аст, соли ошкоршавии асрорҳояш буд.

Тавассути чанд филми мустанад собит гардид, ки  аъзоёни ТТЭ ҲНИ  ҷиноятҳои нобахшиданӣ нисбати ватани хеш анҷом додаанд ва имрӯз низ аз кишварҳои хориҷа истода, дар хизмати балегӯёни хориҷияшон мебошанд. Ва боз чанд рафтору гуфтори нодурусту душманонаи наҳзатиёни палид ошкор карда шуд, аниқтараш парда аз чеҳраи ин хоинони миллати тоҷик бардошта шуд.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми  кишварамон барои расидан ба ормонҳои миллат сулҳу субот ва амнияту гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон  – Тоҷикистон муттаҳидона саъю кӯшиш доранд.

Б.М. Зиёмидинов,
 дотсенти кафедраифанҳои риёзӣ–табиатшиносии 
муосири ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh