ФАРҲАНГИ МИЛЛИРО ПОС ДОРЕМ!

Имрӯзҳо дар мамлакати ободу озоди мо ҳама хушу хурсандона зиндагӣ доранд. Лек бархе аз занону духтарони мо либосҳоеро, ки ба фарҳанги мо бегона аст, ба бар мекунанд.

Ин либосҳои бегона аз бегонапарастӣ ва бехабар будан аз фарҳанги сару либоспӯшии занон шаҳодат медиҳад. Магар бегонапарастӣ ин озодиву маданияти либоспӯшӣ, ки онҳо худро ҳамчун шахси бомаданият меҳисобанду тақлид бар либоси дигар миллат мекунанд, нест?. Фарҳанги либосдории миллати тоҷик аз қадимулайём яке аз суннатҳои зеботарину оламшумул ба ҳисоб мерафт.

Занон аз фарҳанги пӯшидани либоси миллати худ бояд истифода бурда ба ҷаҳониён дарак аз он кунанд, ки мо тоҷикон либоси худро дорем ва аз он пайваста ифтихор дорем. Маҳз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ба воя расидани ҷавонони мамлакат барои рушду пешрафти кишвар пояи асосӣ мегузорад, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.

Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим расму анъанаҳои худро ҷиҳати ба бар кардани сару либосҳои миллӣ вобаста ба минтақаи худ дошт ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то ба имрӯз омада расидааст. Аз ҳамин лиҳоз гуфтан ҷоиз аст, ки ҷавонону занҳои мардуми мо набояд тақлид ба бегонагон кунанду фарҳанги либоспӯшии мардуми бегонаро дар байни ҷомеа паҳн созанд. Баръакс, мо бояд фарҳанги сару либоспӯшии мардуми худро дар байни ҷомеа эҳё намуда, аз анъанаҳои миллии худ васеъ истифода барем ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.

Фароғат ПӮЛОТОВА,
омӯзгори МТМУ №14-и
 шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh