ЧАРО ШУКР НАГУЕМ?

Дар ҷомеа гурӯҳҳои гуногуни одамон зиндагӣ менамоянд. Ҳар шахс ва гурӯҳ ба натиҷаи заҳмату талоши дигарон ва дастоварду комёбиҳои ҷомеа, давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ, махсусан дар роҳи расидан ба сулҳу амният ва комёбиҳои кишвар ба таври гуногун назар менамоянд ва андешаҳои мухталиф баён месозанд. Барои баҳои дуруст додан ба натиҷаи 30-соли давраи соҳибистиқлолӣ моро мебояд вазъияти солҳои аввали истиқлолият, ҷанги шаҳрвандие, ки кишварро ба доми оташ андохт ва вақте мардум оромишу умед ба фардои ҷомеаро аз даст дод, ба назар орем! Вақте шароити имрӯза, тарзи зиндагӣ ва шароиту имкониятҳои мавҷударо ба вазъияту шароити он солҳои муқоиса намоем, шахс, бешубҳа, аз амнияту оромӣ ва пешрафти имрӯзаи давлату ҷомеа шукрона намуда, кору фаъолият пеш мебарад.

Шакке нест, ки баъди ба даст овардани сулҳи тоҷикон, асосан баъди солҳои 2000-ум Тоҷикистон қадам ба қадам дар самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ба натиҷаи муайяни рушд расида истодааст. Инро аз рӯи натиҷаҳои рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ дар муқоиса ба солҳои пеш дидан мумкин аст. Баробари чунин пешравиҳо берун аз кишвар ҳастанд ашхосе чун Муҳаммадиқболи Садриддин ва гурӯҳҳое, ки на ба рақам бовар доранд ва на бо чашми сар ободии кишварро дидан мехоҳанд. Кори онҳо танҳо таънаву маломатзанӣ ва нуқсонҷӯстан ва паст задани обрӯву эътибори давлату миллат мебошад.

Мардуми Тоҷикистон, хушбахтона дар фазо суботу оромӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳамагуна сахтиву мушкилиҳоро бо заҳмати суботкорона паси сар намуда истодааст. Соли 2020 бо тамоми мушкилоташ собит намуд, ки мо барои боз ҳам беҳтар зистан, обод намудани Ватани азизамон ва тараққӣ додани давлати соҳибистиқлоламон нерӯ, имконият, таҷриба, шароит ва захираҳои заруриро дорем. Аз ин рӯ, агар мардум дар иттиҳоду ягонагӣ ва бо боварӣ ба фардои неки ҷомеа қадам гузоранд, он вақт ҳеҷ душмане суботу амнияти ҷомеаи моро халадор карда наметавонад.

Аз ҳамин лиҳоз зарурати шукр кардан аз шароити мавҷуда, аз тиниҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвар, ҳифзи дастовардҳои то ба имрӯз расида бисёр муҳим буда, он метавонад мардумро ба муваффақиятҳои нав бирасонад.

Вақте ба қадри тамоми дастовардҳо мерасем, хизмати дигаронро қадр менамоем, аз натиҷаҳои кам ҳам бошад, хурсанд гашта, боз ҳам бештару хубтар меҳнату талош намоем, хоҳу нохоҳ зиндагиамон аз дирӯза беҳтар мегардад.

 Пас, имрӯз аз Ватани ободу зебо, сулҳу оромии кишвар, комёбиҳои давлат, ободиву зебоӣ ва пешравиҳои ҳар соҳа шукр мебояд. Шукр бояд гуфт, ки ду чархи НБО Роғун ба истифода дода шуд, қадам ба қадам чор ҳадафи стратегии кишвар амалӣ гардида истодааст ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва мардуми онро ҳамчун миллати қадимаву шаҳрсозу тамаддунофар шинохтанд.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh