ЧЕҲРАИ ИФРОТГАРО АЁН ГАШТ

Ба инсоният аз рӯзи азал зиндагӣ ва замон маълум менамояд, ки ҳеҷ гоҳ “бори каҷ ба манзил намерасад”. Бояд гуфт, ки дасти ҳақиқат ҳамеша ва дар ҳама ҳолат боло аст. Ҳақиқат офтобест, ки бо доман пӯшидани он ғайри имкон мебошад. Бояд қабул кард, ки он чи дар таърих рӯй додааст, дар ҳақиқат аз рӯи ростӣ ва дурустӣ навишта ва ба ёд оварда мешавад. Асли ҳар кор ва ҳар рафтору гуфтор гарчанде ки пинҳон монад, бо мурури замон рӯи об мебарояд.

Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ филми мустанад бо номи “Бешарафӣ” намоиш дода шуда истодааст.  Филми “Бешарафӣ” аз бетарафӣ, бекасӣ, беобрӯи, беадабӣ, бедилӣ, бединӣ, беазмӣ ва бепадарии як тан инсони густох бо ном Муҳаммадиқболи Садриддин рӯи кор омадааст. Филми мазкур аз беибоӣ ва берӯии Муҳаммадиқбол нақл мекунад ва таҳияи он саривақтӣ ва муфид мебошад. Зеро барои миллат ва махсусан ҷавонон, ки ояндагони миллатанд, шиносонидани чунин чеҳраҳо ба монанди Муҳаммадиқбол муҳим аст, то ки ба суханони дадисаомезонаи онон фирефта нагарданд.

 Дар филм ҳамчунин аз қаллобӣ, дӯздиву мардумфиребии Муҳаммадиқбол бештар зикр карда мешавад. Падари Муҳаммадиқбол ки яке аз аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, имрӯз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳи худ мардумони ноогоҳро ҷалб кардан мехоҳад.. Аммо дар ин маврид ҳамсоягонашон ва ҳатто ҳамсинфаш, ки сокинони шаҳри Бохтар  зикр медоранд, ки оилаи онҳо аз дину диёнат хабаре надошта, балки хурофотпарасту манқурт мебошанд. Ҳамин муҳити хурофотпарастӣ ва манқуртӣ кӯдакеро бо номи Муҳаммадиқбол нодуруст тарбия намуд. Ва ин кӯдак дар айни камолот  гумроҳ гашт.

Қаландари Садриддин поягузори оилаи мунофиқ ва падари Муҳаммадиқбол ба ҳисоб меравад.

 Чи хеле ки дар филм зикр гардидааст, Муҳаммадиқболи Садриддин дар айни наврасӣ сари дасти хоҷагони падар буда дар маҳфилҳо иштирок намуда ана ҳамон давр мафкурааш вайрон гаштааст.

Ин филм аз чеҳраи боз як хиёнаткори ватан пардаро бардошт ва мардуми кишвар аз амалҳои ноҷавонмардонаи ӯ огоҳ гардиданд..Баҳои ҳар нафарро ҷамъият медиҳад ва ин баҳо ӯро дучанд муаррифӣ мекунад. Фикр мекунам, ки ба ин “Бешарафӣ” набояд бетараф буд. Зеро бетарафӣ ба “Бешарафӣ” бурда мерасонад.

Воқеан ҳам рӯзгори талхи Муҳаммадиқбол “омӯзанда” буда дарсе барои ибрат ба ҷавонони гумроҳ бояд бошад.

Хушрузи Ҷамолиён,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи ДДХ

Add comment


Security code
Refresh