«НУҚСОНҶӮЁН» БОЗ ҲАМ КАМБУДӢ МЕҶӮЯНД

Имрӯз ба ҳолате расидем, ки душманони давлату миллат аз ҳар суханронӣ, аз ҳар маъаркаи сиёсӣ, аз ҳар комёбӣ ва аз ҳар изҳоротҳои шодибахш барои мардуми Тоҷикистон нуқсонҷӯйи намуда, бо ин восита ҳар дастоварду пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, оромиву суботи кишварро кам арзиш нишон дода, онҳоро қабул надоранд.

«Нӯкҷонҷӯён» ҳар чизро баҳона ва аз ҳар ҳодиса ҳангома месозанд, то мардум нисбати сиёсати имрӯзаи давлат эътимод накунад. Охир, ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳатто пешрафтатарин кишварҳои дунё ба худ хос мушкилиҳо доранд. Дар навбати худ дар Тоҷикистон низ мушкилоту муаммоҳои ҷой дорад. Барои ашхос ва гурӯҳе, ки дар пайи ҷустуҷӯи камбудӣ аст, аз ҳар чиз камбудӣ меҷӯяд. Дар кишварамон танҳо соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. “Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд”. Дар робита ба ин масъала ва ба ҷои кор таъмин шудани қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик, ки соли 2020 бинобар махкам будани роҳ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷират нарафтанд. ҳамаи ин баҳри пешрафти кишвари мо мисолҳои мусбист. Аммо, барои хоинони миллат ҳарчанд бо сад далел исбот шавад, ки Тоҷикистон дар оянда тамоми мардуми худро бо ҷои кор таъмин карда метавонад, боз ҳам бовар намекунанд ва онро дурӯғу беасос меҳисобанд. Чун онҳо бо як боварӣ ва назари нек ба ояндаи ҷомеа назар намекунанд ва ҳамеша камбудиро мебинанду аз нуқсонҳо ҳарф мезананд.

Аммо “нуқсонҷӯён” ҳамчун як нафар тоҷик ба ҷои ифтихор намудан аз таърихи кӯҳан ва тамаддунсоз будани гузаштагонамон ба камбудиҷӯӣ овора буда, дастовардҳои замони истиқлолиятро дидан намехоҳанд ва аз он чизе намегӯянд. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд,  барои ободии Ватани азизамон боз ҳам бештар заҳмату талош намоем.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Add comment


Security code
Refresh