Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисмҳои низомиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Муссалаҳ табрик намуд

23 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қисмҳои ҳарбии 051056 ва 01972 ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сарбозону афсарон иброз дошт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамасола бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз солҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ таъкид кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои ташкилёбӣ сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошўбҳои хиёнаткорона, кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом доданд ва дар айни замон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштанд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои заруриро андешида истодааст.

Ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин гардида, барои фароҳам овардани шароити муносиби зиндагию фаъолияти ҳайати шахсии онҳо корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо афсарону сарбозони шуҷоъву далер бо истифода аз шароити фароҳамгардида манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламон, сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро сарбаландона ҳимоя менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh