М. САДРИДДИН ХОИНУ БЕШАРАФ
- Details
- Published on Thursday, 02 January 2025 11:12
Дирӯз филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”-ро дидем, ки барои ҳар як нафар як маълумотномаи комил дар бораи М. Садриддин мебошад, ки воқеан ҳам кӣ будани ин хоини наҳзатиро ифшо намуд.
Аммо М. Садриддин, ки аллакай ба бешармиву номусфурӯшӣ одат кардааст, гӯё чизе нашуда бошад, боз ба ҳамон иғвогариву дасисабозиҳояш идома медиҳад, ки беномусиву бевиҷдонияшро боз ҳам ифшотар месозад.
Ҳарчанд маълум аст, ки дигар М. Садриддини хоин ва аъзои ТТЭ ҲНИ дигар чора ҳам надорад, чунки ӯро хоҷагони хориҷияш маҷбур месозанд, то ҳамин хел фаъолияти дасисабозӣ бараду ҷомеаро гумроҳ созад.
Аммо дигар мардум М. Садриддини хоинро мешиносанду як беномусу бешараф буданашро исбот кардаанд, пас чӣ зарурат ба ин ҳама иғвобарангезӣ?
Албатта, маълум мешавад, ки М. Садриддин барои ҷомеа то ҳанӯз ҳам як доғ боқӣ мемонад, вале саркардагони наҳзатӣ бояд донанд, ки М. Садриддин дигар як рамзи ТТЭ ҲНИ шудааст. Аммо зарур аст, ки наҳзатиён бифаҳманд, ки ҷомеа на танҳо М. Садриддинро ҳамчун сиришташ вайроншуда мешиносад, балки ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар хоҷагонашонро.
Аз ҳамин маълум мешавад, ки тамоми наҳзатиёни хоин ва касиф вайронтинатанду фақат ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа имрӯз аз худ намояндаи дину мазҳаб муаррифӣ мекунанд.
Пас, вой бар ҳоли он ҳама мардуми гумроҳ, ки ба онҳо бовар кардаанд. Чунки онҳо намедонанд, ки бовар ба наҳзатиёни хоин бовар ба лухтакони манфур аст.
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ