Симои аҳримансиришти ифротгаро ошкор гардид

Дар филми мустанади “Хиёнат қисми  7”, ки тариқи ҳамаи шабакаи телевизиони кишвар  пахш гардид, ҳамаи корҳои нопоку хиёнаткоронаи Муҳаммадиқболи Садриддин фарзанди шахси бадахлоқу иғвогар Муллоқаландар намоиш дода шуд. Намоиши филми мустанади хеле саривақти ва бомаврид буда, барои дарки ҳақиқати таърих, ошкор намудани амалҳои нопоки хоини миллат муҳим аст.

Бинандаи закӣ аз он барои худ хулосаҳои заруриро мебароранд ва метавон гуфт, ки амалу кирдорҳои ин гуна афроди нопоку аҳримансиришт баҳри ноором сохтани сулҳу суботи кишвар аст. Дар филми хиёнат  қисми 7 доир ба  бешарафӣ ва қаллобии Муҳаммадиқболи  Садриддин  сухан меравад. Бо баробари тамошои ин филм ба хулосае омадем, ки ӯ як шахси қаллоб, фиребгар, хиёнаткор буда, бо роҳи фиреб аз мардум маблағи зиёдро гирифта будааст.

Ин ҷо матлаб он аст, ки ҷавонони гиромиқадр, ки аз руҳияи носолими  ӯ огоҳ нестанд, бояд донанд, ки дағ-дағаи Муҳаммадиқболи Садриддин на барои ислом, балки барои зиёд кардани нафароне мисли худаш аст. Аз ин рӯ вазифаи  устодону волидон ва аҳли ҷомеа аст, ки  дар  тарбияи  ҷавонон саҳм  гузорад. Ба  ҷавонон  фаҳмонем, ки Ватан  хиёнаткорро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Ҷавонони мо оила,   авлод,  миллат ва    давлатро муқаддас  донанд.

Шафоат ҲОШИМОВА,
устоди  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh