Чеҳраи манфури бешарафон

Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ рушд карда, рӯз аз рӯз ба ҳадафҳои стратегии худ наздик шуда истодааст.

Аммо ҳастанд ашхосе, ки ҳанӯз ҳам пешравии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд ва мехоҳанд бо истифода аз тамоми воситаҳо барои рушди он монеа эҷод кунанд. Ин тоифа бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиашон ҳар гуна созмону паймонҳо ташкил намуда, дар амалисозии ҳадафҳои хоҷагонашон саҳм мегузоранд. Ба ин гуна афрод метавон як нафар хоинро бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин шомил намуд. Нисбати ҷиноятҳои ин шахс ва хиёнатҳои ӯ чандин маротиба матлабҳо ба нашр расидаву табиати аҳримании ин иблис ифшо шудааст.

Филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» намоиш дода шуда, бори дигар мардум аз кирдорҳои ғайриинсонаи М.Садриддин огоҳӣ пайдо намуда, шахсияти ин палидро хуб шинохтанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки даъвои ватандӯстиву адолат мекунад, бо ин мафҳумҳои муқаддас ҳеҷ алоқамандие надорад. Дар асл ҳадафи ӯ танҳо ба даст овардани бойигарист. Аз рӯи гуфти шахсони ба ӯ наздик маълум мешавад, ки ӯ як қаллоб буда, аз одамон садҳо ҳазор доллар қарздор будааст. Барои ин гуна ашхос ҳеҷ муқаддасоте вуҷуд надорад.

Мардуми кишвар ватанфурӯшиву миллатфурӯшӣ ва мазҳабфурӯшии нерӯҳои дар хориҷи кишвар фаъолияткунандаро хуб медонанд. Ошкор шудани ҳолатҳои нави қаллобиву фиребгариҳои М.Садриддин барои мо навигарии наве ҳам нест. Чунки ин амали қаллобе мисли М.Садриддин мебошад! Ва мо боварии комил дорем, ки боз ҳолатҳои нави қаллобии ин аҳриман ошкор хоҳанд шуд. Дигар тоҷикон ҳушёру зираканд. Ва ин гуна масхарабозоне мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ин миллатро дигар фиреб дода наметавонанд.

Ҷунбишу ҳаракатҳои мухолиф, ки дар хориҷи кишвар бо дастгирии бевоситаи молиявии дигар давлатҳо фаъолият мекунанд ва мақсади ноором кардани ҷомеаи моро доранд, қудрати дидани пешравиҳову комёбиҳои Тоҷикистонро надоранд ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки ваҳдату ягонагии моро аз байн баранд. Ба ин хоинон ва душманони давлати Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ вақт муваффақ намешавед. Зеро мо мардуми Тоҷикистон шукри ҳаёти орому осуда ва давлати обод карда, баҳри пешрафти кишвар мекӯшем. Мо ҳамаи суханҳои туҳматомези шуморо маҳкум карда, гуфтанием, ки дар ҷавоб ба ин туҳматҳои шумо мо боз ҳам давлати худро ободу пешрафтатар мекунем. Ба шумо дигар муяссар намешавад ки бо суханҳои дуруғи худ ҷомеаи моро фиреб диҳед. Зеро мо ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем.

Муътабар ШАРИФОВА,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh