Терроризм-падидаи номатлуби ҷомеаи имрӯза

Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим бо ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош намуда, даст ба зӯрӣ, даҳшат ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун терроризмро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд.

Ҳоло терроризм  як воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, наҷодӣ ва ғайраҳо гардидааст. Дар шароити ҳозира оламиён дар бораи як қатор ташкилоти номдори террористӣ андешаҳо иброз менамоянд ва амалҳои зиддитеррористӣ низ асосан муқобили онҳо нигаронида шудаанд. Ин ташкилотҳо - Ал-Қоида, Ҷамоа-ал-исломия, (Миср), ЕТА (Ватан ва озодии баскӣ), Ҷумбиши мухолифати исломии ҳамос, Ҳизби Исломии Туркистон ва ғайраҳо мебошанд. Айни замон сернуфузтарин ташкилоти террористии байналхалқии муосир «Ал-қоида» шуморида мешавад.

Даҳсолаҳои охир терроризм, оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти бешумори ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад.

Хушбахтона баъд аз ба даст омадани истиқлолият, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид, рӯи кор омад. Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур, ин танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд.

Амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Мутаасифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи «Исломиён» шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусалмонро ба вуҷуд овард, ки ин дар навбати худ барои пешрафти давлат монеаҳои ҷиддӣ эъҷод намуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусалмонӣ дунё мебошад.

Дар ин ҷода дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 шаҳраки Палос арзишҳои миллӣ, масъалаи мубрами сиёсии имрӯзаро пайваста омӯзонида, ба фанҳои таъриху ҳуқуқ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир  гардида истодааст. Омӯзггорон кӯшиш бар он доранд, ки  насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамояд.

Мӯҳсин Абдуллоев,
омӯзгори фанни географияи МТМУ №11,
шаҳраки Палос, шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh