ВАТАНФУРӮШИ ХУДОБЕХАБАР

Муҳамадиқболи  Садриддин шахси иғвоангезу мардумфиреб, ки аз хориҷа истода бо як миқдор маблағи ночиз Ватани худро фурӯхтааст. Вай дар сомонаи иғвоангезаш «Ислоҳ.нет»  аз паша фил сохта мардумро ба ҳангома оварда ҳамаро сарнагун карда гаштааст. Вай дар сомонааш як масъаларо чунон воҳима карда нишон медиҳад, ки гӯё осмон ба замин омада мечаспида бошад. Аз хориҷа истода хоҷагони Ҳизби наҳзати ислом вайро пуштибони мекунанд Муҳамадиқболи  Садриддин бошад зери нағораи онҳо мебозаду бо хати кашидаи онҳо роҳ мегардад, бехабар аз он, ки оқибаташ чи мешавад. Ин аблаҳи мардумфиреб «Ислоҳ.нет» -ро сомонаи розу ниёзу мушкилкушои мардум номидааст. Дар асл бошад доми фиребу бадбахтӣ мебошад.

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бамағз агар лаб во кунад, расфо шавад.

Муҳамадиқболи  Садриддин ранги пистаи бемағз аст, ки пучу бемаънист. Шукри Худо, ки мо мардуми тоҷик Истиқлолияти милли худро ба даст овардаему имрӯз дар фазои ободу осоишта умр ба сар мебарем ва хушбахт аз онем, ки сар то по хандаи беғаши кӯдакону дуои модаронамон  ба гӯш мезанад. 

Ба Муҳамадиқболи  Садриддин муроҷиат намуда гуфтанием, ки мо фирефтаи найрангҳои ту намешавем ва ҳаргиз нахоҳем шуд.  Агар инсони покдилу дилсӯзи мардуми тоҷик мебуди дар Тоҷикистон умр ба сар бурда барои манфиати мардуми тоҷик кору фаъолият мекардӣ.

 Ҳар рӯз зи худ бипурс агар ту мардӣ,

 Ки имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ.

Ҷуръату мардонаги он нест, аз хориҷа истода сухан карда ваъдаҳои ҳавои диҳи балки дар ҳаминҷо  бо мардуми худ аз наздик истода рӯ ба рӯ сухан кардану ба воқеа рӯ ба рӯ шудан ва ба нафаре дасти ёрӣ дароз кардан  мардист.

Биоишаи Назар

Add comment


Security code
Refresh