Неши наҳзат, на аз паи кин аст…

Роҳбарияти олии Тоҷикистон баҳри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ба нерӯҳои мухолифин бовар кард ва имконияти васеи кору фаъолияти сиёсиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиро баъди имзои Созишномаи сулҳу оштӣ фароҳам оварда, ҳамкории боэътимоди дуҷонибаро ба роҳ монд.

Лек хиёнаткорони замон боз ҳамон хиёнату гумроҳии худро такрор намуда, даст ба амалҳои хунин заданд. Ташкил, тарҳрезӣ ва маблағгузории табаддулоти ҳарбии соҳи сентябри соли 2015 аз ҷони ТТЭ ҲНИ ва ба воситаи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода амалмӣ карданӣ буданд. Хушбахтона нағшаву нияти нопоки онҳо шикаст хӯрд. Мақомотҳои қудратӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳлатҳои камтарин ҷонибдорон ва тарафдорони табаддулоти ҳарбиро фош карданд. Аммо роҳбарияти ҳизби ифротӣ аз хориҷи мамлакат қарор гирифта чунин даъво дорад, ки гӯё «кишвари мо аз соли 2000 то 2010 дар фазои ором ва ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯ қарор дошт, ки захмҳои  ҷанги шаҳрвандиро шифо мебахшид». Аммо  Кабирӣ нагуфтааст, ки бевафоӣ ва дилҷудоӣ аз кӣ шуд? Паймоншиканӣ аз кадом тараф сар шуд? Фазои орому ҳамдигарфаҳмиро ки вайрон карданӣ сохт. Ба наҳзат даст додем, аммо онҳо аз гиребон кашиданд.

Дар урфият мақоле ҳаст, ки “дили одаткарда балои ҷон аст”. Аз мӯҳтавои баромадҳои онлайнии на танҳо Кабирӣ, балки муридони ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Гурӯҳи 24 ва дигар касу нокасон ба чунин хулоса метавон баровард, ки онҳо “хона шерӣ майдон ғарибанд”. Вақте дар Тоҷикистон ҳама чӣ доштанд, бизнесу савдо, пулу мол, вазифаву курсиҳои нарм қариб, ки ба даҳон об гирифта буданд. Аммо акнун дар хориҷа аз худ “қаҳрамонтарошӣ” мекунанд. Хандаи кас меояд.

Ҷавобан ба даъвоҳои беасоси Кабирӣ ва шогирони ӯ мегӯем, ки Тоҷикистон воқеан ба як кишвари пешрафтаи иқтисодӣ мубаддал гаштааст ва аз ин дида боз ҳам устувортару амнтар мегардад. Агар Шумо тарафдори ҳамин халқ ва ҳамин давлат бошед, ман роҳбарияти сиёсиро дар назар надорам, барои рушди ҷомеа саҳмгузор бошед. Барномаҳое пешниҳод намоем, ки мардум аз он баҳра барад ва сатҳи зиндагиаш хуб шавад. На ин ки ранги инқилобхоҳиву майдоннишинӣ.

Мардуми мо тӯли ин 30 соли истиқлолияту озодӣ ба қадри неъматҳои илоҳӣ, пеш аз ҳама тинҷиву ороӣ ва ваҳдати миллӣ мерасад ва расида истодааст. То замоне, ки авзои сиёсии ҷомеа орому осуда набошад, аз рушди дигари соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳ гардидани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа сухан кардан умуман хато аст.

Қурбонов Ҳ. – ассистенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh