Паймони паймоншиканон

Ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм, терроризм (ифротгароӣ), экстремизм мебошад, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудааст ва бадбахтона, бо вуҷуди муборизаи шадид он тавсеа меёбад. Воқеан ҳам, чун ба даҳсолаи охир назар афканед, тамоми ранҷу азоб ва кулфати мардум маҳз бо радикализм, терроризму ифротгароӣ иртибот мегирад. Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ ва ифротӣ надорад. Созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ дар асоси барномаҳои ташкилотҳои террористӣ ва ё давлатҳои алоҳидаи абарқудрат ташкил ёфтаанд, ки дар ниҳоди худ идеологияи муқтадири ҳадафмандонаро дар ниқоби ислом амалӣ менамоянд.

Аз кору амалҳои роҳбарони ТТЭ ҲНИ имрӯзҳо ҷаҳониён хеле хуб огоҳанд ва хушбахтона Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби террористиро дар вақташ таҳлилу баррасӣ намуда, фаъолияташро манъ намуд. Ҳамаи он бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи охундҳои кишвархои хорич ва роҳбарони дар Тоҷикистон буда буд, ки ин санадро Суди олии Тоҷикистон ба таври мушаххас баррасӣ намудааст...

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшаваи Полша, ки аз баргузории он зиёда аз як сол гузашт, душманони давлату миллати тоҷикон Ассотсиатсияи ғайриқонунӣ ташкил намуда, ба худсафедкунӣ, дасисабозӣ, хоинию ватанфурӯшии худ шиддат бахшида дар сомонаи интернетӣ сару садоҳо баланд карданд. М. Кабирӣ аз се ташкилоти ба таври сунъӣ сохтаи худ “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешони тоҷикон”, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” ба ном “Паймони миллӣ” таъсис дод. Ин паймон танҳо аз чаҳор нафар иборат Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубов иборат асту халос. Кабирӣ талош дошт, ки дар Варшава Ҳафиз Бобоёров ва боз чанд тоҷикони Аврупо ба ӯ пайваст шаванд. Аммо онҳо пайвастан ба як ҳизби бадномшуда ва чанд шахсияти беобрӯгаштаро ба худ ор донистанд. Додоҷон Атоуллоев баёния пахш намуд, ки “бо паймоншикастагон ҳеҷ гоҳ паймон нахоҳам баст, яъне роҳи мо дигар аст ва дар ин роҳ мо бо раҳгумзадагон ҳамсафар нахоҳем шуд”. Тири Кабирии нохалаф боз хок хӯрд. Масъулони САҲА дар рафти ҷаласа намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро маҳз барои бетартибӣ, аксбардориҳои беиҷозат, гуфтугӯи баланди байниҳамдигарӣ, бемаврид иваз намудани ҷои нишасти худ аз толор берун намуданд.

Ба дасти ман шеъре афтод, ки ҳама гуфтаҳои болоиро бо асноду далел тасдиқ менамояд.

Бо гуноҳи он Кабирии палид,

Аскари тоҷик бишуд чанде шаҳид.

Ӯ раиси назҳати исломӣ буд,

Дар ҳама кирдору кораш хомӣ буд.

Эй касифи номуборак доимо,

Баҳри давлатдорӣ мекард иддао.

Ӯ ба ин миллат хиёнат кардааст,

Рахна бар дину диёнат кардааст...

Сарпарасти ин хиёнаткори шум,

Будаанд хориҷиён баҳри ҳуҷум.

Косалеси аҷнабиён гашта буд,

Аз ҳама халқи Худо баргашта буд...

Хулоса, ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ба ҷавонон лозим аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Дар атрофи Пешвои маҳбуби худ муттаҳид шаванд ва барои боз ҳам ба шоистагиҳо расидани Тоҷикистони дунявӣ талош варзанд. 

Б.ХУШБАХТӢ

сокини шаҳри Хуҷанд

 

Add comment


Security code
Refresh