Терроризм ва экстремизм мушкилоти глобалии замони муосир

Терроризм ва экстремизм тӯли солҳои охир чун ҷараёни хатарнок ба кишварҳо ва ҳаёти ҳар як сокини ҷомеаи  ҷаҳон таҳдид карда, зиндагии осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунад. Давлату ҳукумати мамлакат ҳамеша таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи доғи рӯз ҷалб намуда, барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои оламро ба муборизаи дастаҷамъона дар фазои якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунанд.

Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Руссия, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Минтақахои амалҳои бераҳмонаи террористӣ торафт васеъ шуда истодаанд. Дар ин хусус амалхои террористӣ дар Сурия, Ироқ, соҳилҳои Яман, Афғонистон ва минтақаҳои  мухталифи дигар шаҳодат  медиҳанд. Вақтҳои охир раванди устувори ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.

Бо номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву экстремистӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст. Вале зикр кардан ҷоиз аст, ки террорист ва экстремист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад, дини мубини ислом ва хусусан мазҳаби таҳаммулгароӣ ҳанафия, ки сокинони кишвари мо пайравони он ҳастем, дини мубини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад. Имрӯз моро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсиву зиракиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии замони муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Ин ишора барои он аст, ки аксар вақт зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат гирифта, барои бадном кардани дини мубини ислом сабаб мегардад. Ҳол он ки исломи пок ҳеҷ иртиботе бо тундгароӣ надорад ва кишварҳои ҷаҳон бояд садди роҳи доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад.

Бо таассуф бояд зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳони то ҳол дар бораи худи мафҳуми терроризм ба хулосаи ягона нарасидаанд. Холо он ки бе ин гуна ваҳдати назар ба низом даровардани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм ғайриимкон мебошад. Дар айни замон баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми байналмилалиро дар кишварҳо ва минтақаҳои дигар бавосита ё бевосита пуштибонӣ менамоянд.

Мисоли одди – ТТЭ ҲНИ аст. Мо медонем, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ин ҳизб бо роҳу воситаҳои гуногун мардуми кишварро гумроҳ намуда, ба ҷойи он ки бо баҳри ободии кишвар саҳм гузорад, бо омода намудани душманону хоинони ватан машғул шуданд. Имрӯз аъзои ТТЭ ҲНИ бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта, нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд ба хотир биёрем, ки роҳбарияти ин ҳизб дар фаъолияти худ доир ба пешрафт ва тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон заррае саъю кӯшиши худро нишон надодааст. Фаъолияти роҳбарияти ҳизб омода намудани шогирдони нохалафи худ ва дар онҳо ҷой додани ақидаҳои ифротӣ буд. Дар баробари ин, танҳо барои манфиатҳои худ ва сармоягузорӣ гардиданаш аз тарафи давлатҳои хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳар роҳу восита ба сафи худ дохил менамуд ва ба онҳо ваъдаҳои бардурӯғ медод, оқибати ин фиребу найранг ба чӣ оварда расонид ҳамаи мо огоҳем. Бояд зикр кард, ки дигар мардуми тоҷик чунин сӯистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоҳхоҳ такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд.

Ватану миллатро дӯст доштан яке аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад ва дар заминаи миллати тоҷик мо соҳиби давлатдорӣ гардидаем. Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштаамон намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин ҷанба талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсияи давлат, Кодекси ҷиноятӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд. Солҳои 2006-2010 дар кишвари мо Барномаи давлатӣ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм мавриди татбиқи амалӣ қарор гирифта буд. Хотиррасон бояд кард, ки аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 «Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муковимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 – 2020» қабул шудааст, ки он сенздаҳ қисми муҳимро дар бар мегирад. Ҳамчунин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» дар тахрири нав қабул карда шуд, ки ин амалиёт ҳам барои пешгирӣ ва кам намудани амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Ҷумҳури мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад,  ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон ва шаҳрвандро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Хулоса, имрӯз терорризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчи бештари терорризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, мо, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабаби пайдоиши афкори терорристиро амиқ ва пайваста биомӯзем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Ш.ВАЛИЗОДА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh