Андешаи солим бояд дошт
- Details
- Published on Thursday, 02 January 2025 09:56
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эътирофу эътиқоди шаҳрванд нисбат ба дину мазҳаб садде гузошта намешавад. Давлати дунявӣ ва демократӣ ифодагари манфиату талаботҳои тамоми мардуми кишвар мебошад. Имрӯз аксари мардуми тоҷик ба дини ислом ҳамчун дини таҳаммулпазирӣ, ростӣ, покизагӣ, накӯкорӣ, меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ рӯй оварданд.
Дин ва аҳкоми динӣ барои ташкили гурӯҳҳое, ки дар дил ниятҳои нопок доранд, алҳол гуё як такягоҳ шудааст. Агар имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНИ чун гуфтаҳояшон ватандӯсту ватанпарвар мебуданд, ба манфиати кишвари худ ва ҷамъият фаъолият мебурданд. Мутаассифона, аъзоёни ин созмони ифротгаро ба ташкили амалхои ҷиноӣ даст заданд. Фаъолият ва пинҳонкориҳои ин хоинон таблиғгариву сияҳкорӣ буд ва тадриҷан хатарҳои нав ба навро барои ҷомеаи кунунии мамлакат ба бор оварданӣ буданд ва хушбахтона бо қарори Суди Олии мамлакат фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид.
Мо дар ин радиф дар роҳи тинҷию оромию давлатамон ҳамчун аъзои ҷомеаи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки мардуми сарзамини мо дигар нобасомониҳо роҳ намедихад. Зеро фардо фурсат ба ҳар яки мо имкон намедиҳад, ки пас аз хулосаҳои зиндагӣ аз сари нав ҷавон шавему ҳаёти босамар барем. Бояд баҳри ободии ҷомеа ва гул-гулшукуфии Ватани азизамон меҳнати содиқона карда, бар муқобили ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба мисоли ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ муборизаи беамон барем.
С.И.Умарова,
сармуаллимаи кафедраи
иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ