Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем

Муқовимати байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати “Толибон” муноқишаи тӯлонист, ки таърихи беш аз 40 сола дорад.

Мардуми Афғонистон дар ин  раванд ҳамеша ноорому дар таҳлукаанд. Имрӯзҳо ин муқовимат то ба дараҷае тезу тунд гардидааст, ки дар деҳаҳои мавзеи Бадахшони Афғонистон  ҳодисаҳои  қатли кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ сершумор ба назар мерасад. Аслан, ҳаракати “Толибон” дар қатори ташкилоти “Давлати исломӣ”, “Ал-қоида” ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар як сафанд ва мақсади нопокашон ноором кардани вазъ дар минтақа мебошад. Баҳри муқовимат ба ин нерӯҳои ифротгаро ҳар як фардро мебояд дар атрофи нерӯҳои қонунӣ сарҷамъ гардаду ба ин нобакорони наҳзатӣ муқовимати арзанда нишон диҳад.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо давомнокии зиёда аз 1400 километр ҳамсарҳад аст, аз муноқишаҳои дохилии Афғонистон бетараф буда наметавонад. Ин ифротиён, дар Афғонистон зиёда аз 40 сол инҷониб низою тафриқаандозӣ мекунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз падидаҳои номатлуби ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва дигар ташкилотҳои  ифротӣ бохабаранд ва онҳоро ҳамеша маҳкум мекунанд. Хуб мебуд, ҳар як фарди бо ору номус аз низоъҳои дохилии Афғонистон сабақи ҳаёт бардораду баҳри ободонии Ватани маҳбубамон камари ҳиммат маҳкам бубандад!

Собиров М.

Add comment


Security code
Refresh