РАМЗИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Эмомалӣ РАҲМОН: Парчами миллӣ ба мо имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти ҳаёти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем.

Тарҳрезии низоми муносиби давлатдорӣ дар замони сангини таърих аз сӯи сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои бунёдӣ асос гузошта, кишвари соҳибистиқлоли моро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд.

Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист. Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати бисёр қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будаанд, ки мавҷудияти давлати онҳоро ифода мекард. Таърих гувоҳ аст, ки дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон буд.

Дар даврони Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми паррандаи заррин - мурғи ҳумо ҷой дода шуд ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб гардиданд. Ҳамин корномаҳои бузург, ки ормонҳои милливу мардумиро дар худ таҷассум намуда, нақши давлат меҳварӣ дар ниҳоди ҳамагонро таҳким мебахшад ва ин кофист, ки гиромидошти Рӯзи Парчамро рамзи арҷгузорӣ ба Ватан бишносем. Зеро ин ҷашни шукӯҳманд барои ҷомеаи навини тоҷик дорои аҳамияти зиёд буда, ба сурати табиӣ дар шинохти саҳеҳтарин арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нақши амиқ мегузорад.

Далели раднопазир аст, ки таҳаввулоти ба вуҷудомада дар 29 соли охир бо фаъолияти сиёсиву роҳбарии Пешвои миллат робитаи мустақим дошта, муносиботи созандаву ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, боиси ифтихор аст, ки мардуми тоҷик низ чун дигар кишварҳои мутамаддини олам Рӯзи Парчамро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои ватандорӣ ва садоқат бо Сарвари худ таҷлил менамоянд.

Дилрабо ТОҲИРОВА,
нотариуси давлатии Идораи
нотариалии давлатии вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh