ТЕРРОРИЗМ БО ИСЛОМ ИРТИБОТЕ НАДОРАД

Дар ин айём аз номи дини мубини Ислом сӯиистифода мешавад, ки ҳам аз назари шариат ва ҳам аз назари ақли солим қобили қабул нест. Гоҳо баъзеҳо фикр мекунанд  , ки ин ҳама аз рӯи Қуръону ҳадис бошад. Бар замми ин, роҳбарони ДОИШ, ТТЭ ҲНИ ва «Ихвон-ул-муслимин» талқин мекунанд, ки ислом ин ҷиҳод аст, ва бо фатвоҳои ғайришаръии худ  дигаронро фиреб намуда, ба гумроҳӣ мебаранд.  Дар асл бошад  Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва мазҳаби Имоми Аъзам маҷмӯи ахлоқи покиза, ботаҳаммулӣ аст.

Ҳар, ки хуни касеро бегуноҳ бирезад, пас мисли он аст, ки тамоми мардуми оламро якҷо кушта бошад, гуфта шудааст дар сураи Моида, ояти 32)

Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он абадӣ боқӣ мемонад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст. (Сураи Нисо, ояти 93.

Аз ин ҳадис ва оятҳои Қуръон бармеояд, ки рехтани хуни ноҳақ дар назди Парвардигор ҳаром аст. Маълум мешавад, ки ҳама шиору даъватҳои ифротиён ва террористон дурӯг буда, бо таълимоти Қуръони карим заррае ҳам мувофиқат намекунанд. Онҳое ки худро ҳомии дини ислом муаррифӣ мекунанд, дар асл душманони дини ислом мебошанд.

Агар мо ба ҳақиқати ҳол назар кунем, бояд мардум донанд, ки  дини ислом  одамонро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабр ва бурдборӣ, бахшиш, садоқат, ростӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташвиқ намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа наҳӣ менамояд.

Аз Муъоз (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Касоне, ки ба хотири Худо бо якдигар дӯстӣ менамояд, рӯзи Қиёмат дар сояи арши Худо осуда мебошанд.

Имрӯз  мардум бояд донанд,ки он корҳое, ки дар Ироқу Сурия, Либияву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи Ислом анҷом дода мешаванд, ба Ислом заррае ҳам робита надоранд.

Имрӯз ҳар яки мо бояд  ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макри гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва хоинони миллат огоҳ созем.

Бояд иқрор шуд, ки  дигар касе наметавонад мардуми моро бо шиорҳои авомфиребона бо роҳи нодуруст барад ва бйни мардум тафриқа эҷод намояд.Дар охир таманно мекунам, ки  ватани моро аз тамоми офоту балоҳо ва миллатамонро сарҷамъ нигаҳ дорад.

Омин ё раббал-оламин

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА

раиси Шӯрои уламои дини вилоят

Add comment


Security code
Refresh