ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН - ПАРФИШОН ДАР ҒОЗИЁН

Деҳаи Ғозиён, чунонки маълум аст, Ҷамоати деҳоти Ғозиён аз маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд дар масофаи шаш километр воқеъ аст. Вақте ки аз шаҳр ба воситаи роҳи асосии асфалтфарш аз кӯпруки сойи Хоҷабоқирғон гузашта, ба ин воҳа мерасед, боқирғон гузашта, ба ин воҳа мерасед, худро дар анбӯҳи дарахтони пурмеваи боғоти пурнуру пурсафо эҳсос менамоед.

Дар баҳорон насими форами атрогинаш хеле ҳаловатбахшу дар тирамоҳи заррин меваҳои шаҳдбораш – ба мисли себу ноку анор, ангуру хурмо, шафтолуи ширмисолу анҷирҳои қаҳрабогинаш лаззатборанд. затборанд. Бо як сухан деҳаи Ғозиён обу ранге дорад ҳамчу боғ дар чашмон. Ё худ ба гуфтаи мутафаккире «Дар чаман то аҳди хушрангӣ ба булбул бастаем, Дасти гулчинро ба ҷои дастаи гул бастаем». Бар ҳама ҳусну тароват, шавкату шон ва дилрабоиву ҷаззобии симои деҳа яке аз муқаддасоти миллии давлати соҳибистиқлоламон – Парчами даватии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази ин марз – саҳни бинои Ҷамоати деҳоти Ғозиён партавафшон гардидааст, боз ҳусни афзунбор бубахшидаву ҳувияти худшиносии миллии сокинонро боло бардоштааст.

Ба ёд меоварем: дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз, аниқтараш, биступанҷуми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кориашон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Ғозиён дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар масоҳати 0,31 гектар замин сохта, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа дар ин мавзеъ Парчами миллиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд, ки он лаҳзаи басо ҳаяҷонбахшу рисолатдорӣ барои мардуми ин воҳа буд. Ва он рӯз дар саҳифаҳои таърихи деҳаи Ғозиён ва сокинони он бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтанд: баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар умум бо таҳкурсиаш чилу як метро дарбар мегирад, матои парчам шаш метр паҳноӣ ва дувоздаҳ метр дарозӣ дошта, имрӯз башоратбор парафшонӣ менамояд.

Рӯзҳои файзбори гузаштаро ба хотир овардан ба ҳар як фарди худогоҳ рисолати инсонӣ ва шарафмандӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, он рӯзи таърихӣ барои ҳар як зода ва ворастаи деҳаи Ғозиён боиси шарафмандӣ ва ифтихори ватандорӣ аст. Президенти маҳбубамон пас аз ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён ва парафшонии ин рамзи муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ бо сокинони деҳа мулоқоти самимӣ доир намуданд. Дар суханрониашон изҳор намуданд: «Деҳаи Ғозиён баробари диёри пешқадамони арсаи заҳмат буданаш, ҳамчунин, зодгоҳи ходимони маъруфи давлативу ҷамъиятӣ, олимону адибони номдор ва арбобони шуҳратманди ҳунар низ мебошад, ки барои пешрафти Ватани худ ва муаррифии он дар кишварҳои олам хизматҳои шоиста кардаанд». Майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Ғозиён рамзи арҷгузорӣ ба хотири ниёгони сарбаланду заҳматпешаи он мебошад. Хурду бузургсоли деҳа шукр мегӯянд, ки дар мамлакат сулҳу оромӣ пойдор аст.

Ҳақиқат ва воқеият аст: сулҳ аст, ки имрӯз Ватани мо, миллати тоҷик ташаккулу такомул меёбад ва рӯз то рӯз шукуфонтар мегардад. Муаррификунандаи давлату миллат–Парчами давлатӣ буда, рамзи мавҷудият аст. Ғозиён як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон – Тоҷикистони сабзу хуррам, маъвои умеду орзуҳои ширин, муҳаббати мардум, ободу зебо гардидаву эътимоду эътиқод ин ҷо устувор аст. Воқеан, боиси ифтихор аст–ободиву созандагӣ, сабзу хуррам гардонидани майдони Парчами давлатӣ дар ин воҳаи биҳиштосо – Ғозиёни куҳантамаддун, имрӯз ин ҷо маҳзари дилҳост, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бунёд гардид, дар оинаи ҳаёту рӯзгор ҷилвагар шуд. Майдони Парчами давлатӣ мавзеи писандидаву фараҳафзо ва дӯстдоштаи сокинони деҳа мебошад. Ва ё «мавзеи зебост, ки дилҳо, чашмҳо, хаёлҳои некбин мисоли чаман равнақи дигаргун ёфт. Ҳар боздид аз ин мавзеъ, аз парафшон будани Парчами давлатӣ хуҷастагиҳо афзун мегарданд. Ва завқу рӯҳи бинанда нерӯи тоза меёбад.

–Бунёди майдону боғи Парчами давлатӣ, ки ин ҳувият ва рисолати миллист, аз завқи баланд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави кишвар – марказҳои шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои деҳоти Ватани азизамон башорат медиҳад. Аз ҷумлаи онҳо ҳамин майдони Парчами миллӣ дар маркази деҳаамон мебошад,–мегӯяд зода ва сокини деҳоти Ғозиён, собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устод Муҳаммадҷон Камолов.

Ва илова менамояд, ки ин иқдоми Сарвари кишвари мо рӯ овардан ба сарсабзиву гулкорӣ аз завқи баланди Пешвои маҳбубамон нусрат меоварад, ин иқдом аз он ҷиҳат оқилона мебошад, ки рӯ овардан ба шинохти миллӣ, ба шукуфоиву сарсабзӣ, ба ободӣ ба мардуми мо ҳам умед ва ҳам қувваю равони рӯҳониву бовар ва ормону орзу бахшида, завқу шавқу зебоиофарӣ мепарварад. Имрӯз майдони Парчами давлатӣ бо ҷилваву таровату назокату парфишониаш дар Ғозиёни мо ҷозибае дорад, ин ҷозибаи Парчами миллии мост. Пас аз сӯҳбат бо ин фарди маърифатпарвар андаке андеша намудам: Парчам, ки пирӯзӣ, рамзи сарбаландӣ, ифтихор аз озодиву истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ваҳдати мардум, халқи Тоҷикистони соҳибтамаддун. Парчами миллии мо баланд афрохта асту ҳамеша муқаддас, мукаррам ва меҳрбор аст. Мо бештар ва афзунтар ба он арҷгузорӣ мекунем, эҳтиром меоварем, ифтихордории мост. Ҷозибаву нусрати Парчами давлатии мо хурду бузургсолонро муҳаббати ватандорӣ мебахшад, бо нуру рангу сафояш ғурури меҳанпарастӣ, садоқати Ватанро бармеангезад, талқин ва ҳидоят месозад, зеро ки мо парчамдорони соҳибмаърифат ҳастем.

Даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдатофарии кишвари азизамонро як лаҳза ба ёд меоварем, ки он марҳала дар хотирҳоямон барҷост: Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон, Сарвари кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзандони шарифу шоиставу фидокору ҷоннисору худогоҳи ин сарзамини офтобиву биҳиштосои нусратбор тавонистанд миллати моро дар зери Парчами муқаддасу мукаррами миллат ҷамъ оваранд. Ба гуфтаи шоире, «Ба ҳам аз даъвати ӯ ҷамъи парешон омад».

Парчами миллии мо парфишон аст, дар фазои беғубору орому мусаффои Тоҷикистони соҳибистиқлол парфишону башоратбор аст. Мо ҳамеша дар зери Парчами давлатиамон тифоқ, сарҷамъ, дӯстонаву ваҳдатоин эҳсоси ватандориву арзи вуҷуд дорем ва чунин хоҳад буду хоҳад монд. Ҷаҳду азму ғайрату ҳиммати худро мо ба рушди ояндадори Тоҷикистони маҳбубамон мебахшем.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh