Ошкоршавии макру дасисаҳои қаллоб

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ ва дар кофтукови расмӣ эълон карда шудани Садриддинов Муҳаммадиқбол Қаландарович бо аломатҳои қаллобӣ ва расонидани зарари махсусан калон аризаи шикоятӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович хабар дод. Баъди пахши ин хабар Муҳаммадиқболе, ки то ба имрӯз бо кару фари ба худ хос аз ину аз он сухан мекарду мӯри дар қаламрави кишвар ҷунбидаро ба таври фил нишон медод (ҳол он, ки худ дар мамолики Ғарб асту побанду лагандбардори хоҷагону зархаридони худ аст) ки буданашро дубора ошкор намуд.

Аҷибтараш он аст, ки ҳар чи мегуфту намоиш мегузошт, имрӯз ки сирраш ошкор гардид, акси ҳамон гуфтаҳояш аст. Боз даррав раддия ҳам омода намудаасту гӯиё дар сомонаи ифротии худ иброз медорад, ки ҳамаи бар ҷониби вай гуфта шуда дурӯғи маҳз аст, бо ибораи дигар Муҳаммадиқбол моҳи беайб аст! Дурӯғро як нафар мегуфтагист, наход се ва ё зиёда аз он болои ту барин хоин туҳмату бӯҳтонро раво бинад.

Дар як намоише аз номи бузурге Қаюмов Носиҳиддин хеле хуб гуфтааст: Қувваи неки надорӣ, бад макун...... Охир ҳамаи ин сокинону шаҳрвандон дурӯғгӯву буҳтонбоз бошанд, пас шумо кистед? Аслан нафареро, ки иштибоҳ мекунад, мебахшанд, вале нафаре, ки хиёнатро раво мебинад, ҳаргиз намебахшанд, зеро ки хиёнаткор хиёнаташро дубора такрор мекунаду ҳам ватанашу ҳам худашро мефурўшад.

Имрӯз ин қаллобии ошкоршудаи ин фарди маккор чашми мардумро дубора бикушод, мардум бори дигар огоҳ гардиданд, ки ин ҳама аз номи Каломи шариф сухан кардану ба номи Худой қасам хўрдани ин ҳаммаслаки М.Кабирӣ як навъ макру дасиса будаасту боқи ҳеҷ!!!

Барҳақ, сухани рост, росткориву ростгӯӣ ҳама вақт касро ба маrсад мерасонаду оrибати роҳи каҷу килеб шармандагист. Ин хиёнаткорон [аргиз ба ҳадафи аслӣ намерасанд. Бас дасисаву макрҳои пуч, ҳамагон ба хубӣ огоҳанд, ки шумо кистед.

М.Шарифзода,
устоди ДДХ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh