НАҲЗАТ ДАР АВРУПО ОБРӮИ МИЛЛАТРО МЕРЕЗАД
- Details
- Published on Thursday, 07 November 2024 08:56
Бардошт аз баҳси Кабирии террорист бо Атовуллоев
Шабакаҳои иҷтимоии ҳангомахоҳ тайи даҳрӯзаи аввали моҳи октябр дағдаға карданд, ки баҳсу мабаҳсҳое байни Додоҷон Атовуллоев - роҳбари ба истилоҳашон «Ҷунбиши Ватандор» ва раиси Ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ, ки аз худ неруҳо ва он ҳам неруҳои зиддидавлатӣ метарошанд, доир хоҳад гашт.
Ба ростӣ, ҳам интизор будам, ки шояд ин ду сиёсатхоҳи дар беруни кишварамон камин гирифта, ягон гапи тоза хоҳанд ба забон овард, вале чун радду бадали гуфтаҳояшонро шунидам, дарёфтам, ки дар атрофи ҳамон дағдағаҳои пешини худ пиромуни демократисозии Тоҷикистон ва бечорагиву ночории худ аз пайомади кӯтоҳ кардани дасти «пурҳунарашон» сухан меронанд. Нахуст пурсиш ба миён гузошта шуд, ки чаро мухолифин муттаҳид нестанд? Чаро мухолифин дар интихобот ширкат надоранд? Кабирӣ худ чунин савол дод ва чун аз рақибаш посухи дилхоҳ нагирифт, кӯшид то худаш посухе пайдо кунад. Кабирӣ ягон посухи поядоре надошт, ҷуз ин ки Ҳукумат дороии онҳоро гирифтааст, рӯзномаҳояшонро, ҳизбашонро мамнӯъ сохтааст ва монанди он. Гарчи ӯ гуфта натавонист, ки Ҳукумат барои чи ҳизбашонро мамнӯъ сохт, вале мо ҳама огоҳем, ки даст ба аслиҳа бурда, кӯшиши забти ҳокимият кардан ҳатто дар кишвари папуасҳои Африқо ҷинояти сахти экстремистӣ хонда мешавад. Бо ишора ба ин маънӣ Додоҷон Атовуллоев дар миёни гуфтугӯяш ин гузаштаи Кабириро ба ёдаш овард: «Шумо бо ҳизбатон ду бор узви порлумон будед, сипас, ду нафаратон дар узвияти порлумон ҷой гирифта буданд, тиҷорати беҳтарини худро доштед ва муваффақ низ будед, акнун чӣ мегӯед?» (Яъне, ҳама имкониятҳо бароятон фароҳам буд, вале чаро даст ба аслиҳа бурдед?) Кабирӣ дар атрофи ҳамкории мухолифин, ҳамчунон, гуфт: «Соли 2016 ман аз пеши худ аввалин бор ба ҷаноби Додоҷон Атовуллоев занг зада, хоҳиши гуфтушунид кардам ва як - ду бор наздашон рафтам… Касе, ки дар ин муборизаи сиёсии мо шарик шавад, хурсанд мешавем ва касе, ки намехоҳад, ӯро маҷбур намекунем».
Додоҷон Атовуллоев дар посух суханеро баён кард, ки гумон мекунам, бо каме таваҷҷуҳ бинанда метавонист ба сурхшавии рӯйи Кабирӣ аз шармандагиву ҳолати ногувораш пай бибарад. Зеро рақиби ӯ як ҷойи маҳрамона ва аз нигари ноогоҳон пӯшидаро намоён сохт. Додоҷон Атовуллоев гуфт: «Бо Шумо шарик шудан барои чӣ? Давлате бар пояи дин бунёд кардан? Мо наметавонем бо ҳизбе ҳамроҳ шавем, ки дастнишондоди хориҷӣ бошаду аз номи миллат ҳарф занад». Ба пурсиши барандаи барнома, ба сони «мухолифати Шумо бо «Паймон» дар чист?», Додоҷон Атовуллоев изҳор дошт, ки роҳи «Паймони миллӣ» бозгашт ба асри миёна мебошад, рӯ ба ашёҳое оварда мешавад, ки бӯйи нафталин мекунанд. (Ва инҷониб - нигорандаи ин сатрҳо илова мекунам, ки Кабирӣ ва дастааш мехоҳанд тоҷиконро либосе бипӯшонанд, ки кирми кия (русиаш молҳ) дарун андарунашро хӯрдаву фарсуда кардааст.)
Дар ин гуфтумон рақиби ноумедгаштаи Кабирӣ идома медиҳад, ки «Паймони миллӣ» мисли як столу стул барои наҳзат аст. Кори «Паймон» мардумро ба дигар роҳ бурдан аст, хоҳ худӣ дастгирӣ мекунад, хоҳ бегона дастгирӣ мекунад.» Барандаи барномаи телевизионӣ, бо натиҷагирӣ аз гуфтаҳои Кабирӣ , пурсид: «Шумо мепиндоред, ки Ҳукумат дар миёнатон ихтилоф барангехтааст, яъне ҷанг андохтааст? Ин дуруст аст?» Додоҷон Атовуллоев бо як лаҳни таҳқиромез ба Кабирӣ гуфт: «Шумо магар саг астед, ки шуморо ҷанг меандозанд. Фақат сагҳоро метавонанд ҷанг андозанд». Кабирӣ ҷилави суханро ба даст гирифта, бо ҳасрат изҳор кард: «Дар назари ман, тасаввур мекунам, гӯё, Телевизиони Тоҷикистонро мешунавам, ки барномаи филми «Хиёнат» - ро пахш мекунад». Чуноне ба назар мерасид, сухангӯи барнома, ба хотири паст кардани шиддати ҳамдигарситезӣ, аз Додоҷон Атовуллоев пурсид: “Шумо боре ба пурсиши «аз байни Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳукумат кадомеро интихоб мекардед», гуфтед «ман Ҳукуматро интихоб мекардам». Ҳоло низ бар инед? Ӯ ҷавоб дод: То ба Аврупо расидани қадами рақиби ман, соли 2015 мушкилие набуд, баъди омадани наҳзатиҳо, ки мегуфтанд, як эътилофе месозем, гирифтанду ба дурӯғу туҳмат бофтан машғул шуданд.
Дар ҳамин се соли ахир онҳое ки ҳар рӯз ба самти мо сангнпартоӣ мекарданд, ҳамин намояндагони Ҳизби наҳзати ислом буданд. Шумо пештар гуфтед, ки чарогоҳи Аврупо барои ҳама кифоят мекунад. Дар Файзобод чарогоҳро «кашар» меноманд, аммо бо омадани Шумо ба Аврупо обурӯи тоҷик рехт. Аз он рӯзе, ки Шумо ба Аврупо омадаед, ман зидди наҳзати имрӯза буда, бартариро медиҳам ба Ҳукумати имрӯза. Баъзан мепиндорам, ки рақиби ман - «Паймони миллӣ» - е ки имрӯз аст, мисли як харсангест дар сари роҳ. «Паймони миллӣ» мисли як столу стул барои наҳзат аст. «Паймони миллӣ» - ро Ҳукумат мисли як хӯсса медонад, ки чумчуқу парандаҳо наоянду ҳосили киштро барбод надиҳанд». Кабирӣ дар ҷавоб ба рақиби худ гуфт, ки «мо аз забони Шумо ва аз қалами шумо бисёр таҳқирҳо шунидем. Аммо шумо роҳи муайне надоред. Бо вуҷуди ин, ман ҳанӯз ҳам мунтазирам». Додоҷон Атовуллоев якчанд иддаои наҳзатиҳоро ёдовар шуда, нуктаи хеле равшанро бозгӯ намуд, ки онро намешавад хӯрдагирӣ номид: «Ман дар аввал мепиндоштам, ки онҳо аз гузаштаҳои худ сабақ гирифтаанд, аммо баробари қадам гузоштан ба Аврупо, аввалин коре, ки карданд, аз саҳна баровардани Додоҷон Атовуллоев буд.
Бигзор, чуноне ки онҳо мегӯянд, ки ман ин астам он астам, ҷосус астам, аммо бигӯянд, ки Ҳафиз Бобоёров, Исфандиёри Назар, Дӯстмуҳаммади Дӯст, Ҳарамгули Қодир, Ганҷина Ганҷова ва даҳҳо нафари дигар, ки дар Аврупо ҳастанд, чаро ба «Паймон» напайвастанд? Чанд нафари дигаре, ки бо «Паймон» буданд, аз ҷумла Равшани Темуриён, Ҳакими Раҳимпур ва дигарон эълон доштанд, ки мо дигар бо «Паймон» нестем, зеро ки мароми онҳоро намепазирем (яъне, дар пушти онҳо неруҳои сияҳкори кишварҳои дигар ҷой доранд). «Гуруҳи 24» изҳор дошт, ки мо дар киштии шикастаи Наҳзат намешинем. Ин ҳама гувоҳӣ медиҳад, ки айб дар кист». Кабирӣ сабаби ҷудо шудани «Гуруҳи 24» - ро на аз «Паймони миллӣ», балки аз Додоҷон Атовуллоев арзёбӣ карда, бо ифтихор солҳои ҳаракати мусаллаҳонаашонро чунин ба ёд овард: «Мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор мухолифини мусаллаҳи разманда доштем». Чуноне пайдост, дар ҷараёни ин гуфтумонҳо мухолифони Ҳукумат, чи Кабирӣ ва чи Атовуллоев, гаҳе беихтиёр чеҳраи асили худро равшан мекарданд. Ҳамон гуна ки дар мубоҳисаҳо ҳадафи бузургихоҳӣ ва дастнишондеҳи дастгоҳҳои харобкори кишварҳои бегона буданашонро бо исломпарастӣ мепӯшонанд ва ҳамин ки дар пеши рақиби худ музтар монданд, ӯро ба таҳқири ислом гунаҳкор эълом медоранд. Ниҳоят Кабирӣ аз далелҳои овардаи Додоҷон Атовуллоев ба шикасти худ пай бурд, ки ҳамон усули аз камар поёнро (приём ниҷе пояса) ба кор бурд ва ба саволҳои дур аз сиёсат гузашт, ки ҳоҷати такрорашон нест.
Инҷониб пас аз шунидани гуфтумонҳои ин ду саркардаҳои мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар дарёфтам, ки барои ин ҳар ду арзишҳои давлатсозӣ ва миллатсозии тоҷикон ҳеҷ аст. Инҳо ва фиребзадагони дигаре чун онҳо дар назди миллати тоҷик гуноҳи бузурге содир кардаанд. Гуноҳи аз ҳама калонашон ин аст, ки соли 1992, дар он рӯзгоре, ки сарнавишт бори дигар ба тоҷикон шанси зинда кардани ҳувияти миллӣ ва давлати миллии ҳазор сол аз даст додаашро фароҳам овард, онҳо дар он фурсати нозуку ҳассос зери шиорҳои дасисабарангези исломисозӣ ва демократисозии ҷомеаи тоҷикон, мардумро зидди ҳам барангехта, сабабгори ба талаф додани 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардиданд. Ин кушторҳо аз талафоти тоҷикистониён дар замони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ бештар буд. Гузашта аз ин, миллати тоҷикро дар назди мардумони ҷаҳон бехираду камақл намоён сохт. Аммо пастии андешаи мухолифон то ҷоест, ки ҳанӯз ҳам намехоҳанд ба нуктае дарбираванд, ки барои дубора бознамоёндани хираду фарҳанги миллати тоҷик дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз ба сӯйи он шахсияте санги маломат мефиристанд, ки ибтикорманд ва раҳнамои давлатсозиву миллатсозии мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Акнун ин ду мухолифин (опозитсионери) пиндорҳои худро дар қуллаи маърифати худшиносии миллӣ дида ба мо мегуфтанд, ки дар роҳи донишиву фарҳангисозии тоҷикон ва баргашт ба ҳувияти миллӣ кадом кунишҳои Ҳукумати Тоҷикистон норост аст ва чӣ кор кунанд, ки миллати тоҷики бар асари таҳмили фарҳангу андешаи бегона ҳувияти худро бохта, гумкардаҳояшро бозёбад? Албатта, мухолифини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари бадбинии то ба бемории ифротгароӣ расидаи худ ҳеҷ наметавонанд, ба дастовардҳои бузурги кишвар бо чашми нек бингаранд.
Ба ростӣ, ҳам шахси дар мафкураи пуриштибоҳи худ чун кирми пилла печида, аз даруни торики лӯлак наметавонад бингарад, ки дар ватани гумкардаи онҳо тоҷикон дар риштаҳои илму маориф, нигаҳбонии тандурустӣ, хонасозиву шаҳрсозӣ, таъмини саросарии аҳолӣ бо барқ, об, бунёди роҳҳо, ҳазорон муассисаҳои маишӣ, майдонҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва дигар риштаҳо корҳои ниҳоят бузургеро анҷом доданд ва акнун коргари тоҷик ба тавлиди оҳан, арзиз, сурб, семент, лӯлаҳои обрасонӣ, маводи гуногуни хонасозӣ ва бисёр олаву асбобҳои кору рӯзгор пардохтааст. Кабирӣ аз тамоми мардуми Тоҷикистон хафаву малол аст, ки онҳоро гунаҳкор донистаанд. Ӯ мегӯяд: «Ман гумон мекунам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон чун масъулияти худро намедонанд, гунаҳкоранд». Кабирӣ дар дил орзуи хом мепарварад, ки рӯзе дар интихоботе мардуми Тоҷикистон рӯи номи ҳама номзадҳо хати бутлон кашида, номи ӯро менависанд.
Ҳастанд одамоне, ки орзуҳояшонро ба дунёи дигар мебаранд ва дар он дунё низ орзуҳояшон хом мемонанд. Дар поёни ин навиштор мехоҳам як сухани Додоҷон Атовуллоевро аз гуфтумонаш бо Кабирӣ ёдовар шавам, ки оқилона ва ибратбахш аст: «Мо - ҳама ба як тавбаи миллӣ ниёз дорем». Ин росту дуруст аст, модари ягонаи мо – Тоҷикистон ношукрии шуморо намебахшад, вале қарзи фарзандии ҳар тоҷики асил дар он аст, ки аз ӯ талаби омурзиш кунем.
Зафар МИРЗОЁН, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” №216
аз 5 ноябри соли 2020