МУҲИТИ НОСОЛИМИ ХОНАВОДАГӢ НАҲЗАТИЁНРО ЧУНИН ТАРБИЯ КАРДААСТ

Тавре, ки ҳамагон хуб медонем инсони носолим ва дур аз тарбияи волидайни дуруст ҳамеша барои ҷомеа доғ мегардад ва мо инро ҳамеша ва дар ҳама кишварҳои ҷаҳон мушоҳида карда метавонем. Зеро фарзанде, ки дар муҳити носолим ва дар рӯҳияи нодурусти инсонбадбиниву кинаҷӯйӣ бавоя расид вай ҳатман ҳамон шакли зиндагиро интихоб менамояд.

Ҳоло мо бараъло мушоҳида намудаистодаем, ки чӣ тавр душманони миллати тоҷик, хоинон ва разилони наҳзатӣ, ки ҳамаашон дар муҳити нодурст ва носолими ҷамъиятӣ ба воя расидаанд бар алайҳи миллати худ мубориза мебаранд. Зеро ин гуна тоифаи бадкеш қадру қиммати арзишҳои муқаддас-Ватан, модарро намедонанд ва ҳамин аст, ки имрӯз ба ин сарзамини  муқаддас ва ин миллати тамаддунофар хиёнат мекунанд. Сарчамшмаи аслии хиёнаткориву қаллобӣ ва дурӯягии наҳзатиён маҳз дар ҳамин аст, ки аз хурди дар муҳити носолим ба воя расидаанд ва ин ҳам маризӣ мебошад. Маризии хатарнок бар ҷомеа.

Наҳзатиёнро имрӯз душман гуфтан андак сабук аст, зеро онҳо душмантарини душманон ҳастанд ва дар ҳар ниқоб бо ҳар макру ҳиял мехоҳанд мардумро гумроҳ созанду мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.

Наҳзатиён террористоне ҳастанд, ки ба хотири пулу мол худро муздур ва ғулом гардонидаанду имрӯз бар алайҳи миллат мубориза мебаранд, ки ин амал хиёнати бузург мебошад. Мешавад бо як ҷумла гуфт, ки наҳзатиён сурати одамӣ доранду сирати зишти ҳайвонӣ!

Давлатов Д.
омӯзгори ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh