Раҷаббой Аҳмадзода: Рушди сайёҳии дохилӣ ва беҳдошти вазъи осорхонаҳо – тақозои замон!

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум

Санаи 21 – уми октябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум доир гардид.

Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Дар иҷлосия муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаи сайёҳии вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашумро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакил  66 нафар ширкат доранд.

Вакилонииҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баъди тасдиқи рӯзномаи корӣ 10 масъалаи муҳимро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Роҷеъ ба масъалаи асосӣ, оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №301 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилоят муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориши муфассал ироа намуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки дар вилояти Суғд оид ба масъалаи мазкур қарори Раиси вилоят аз 9 июни соли 2014, №262 ва қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ тасдиқ ва амалӣ гардида истодаанд.

Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019, Барномаи рушди сайёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду давра (солҳои 2015-2017 ва 2018-2020) ва нақша - чорабиниҳои амалӣ намудани он дар вилояти Суғд имконият фароҳам овард, ки солҳои охир бобати бунёди як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ аз ҷониби давлат ва соҳибкорон, ба монанди осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайраҳо тадбирҳо андешида шавад.

Дар ин раванд боиси таъкид аст, ки бо ташаббус ва мусоидати бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2018 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор карда шуда, рафту омади сайёҳон ба ҷумҳурии ҳамсоя зиёд гардид. Ин омил ба рушди сайёҳӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусоидат намуд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ соли 2019 шумораи сайёҳон тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба 5790 нафар расидааст, ки нисбати соли 2018 1236 нафар зиёд, ё худ ба 127,1 фоиз баробар аст. 

Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар вилоят 40 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад, ки ин теъдод нисбат ба соли 2018-ум 2 баробар зиёд гардидааст. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 9 ширкат, Панҷакент 23, Истаравшан 2, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон ва Исфара 1 ширкатӣ фаъолият мебаранд.

Дар ҳудуди вилоят 89 меҳмонхонаву осоишгоҳ ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 2 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 2 осорхонаи вилоятӣ, 9 осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ, 6 хона - осорхона ва мавзеъҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон мавҷуд буда, онҳо ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ифтитоҳи иншооти хизматрасонӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозгӯйи таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳа буда, соҳибкорони маҳаллиро баҳри бунёди ҳарчӣ бештари марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷуда рӯҳбаланд намуданд.

Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра тибқи Нақшаи чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 боғи фарҳангу фароғатӣ, 9 гулгашт, 13 ҳаммом, 102 маркази савдо, 108 маркази хизматрасонӣ ва 5 меҳмонхона мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳа мусоидатменамоянд.

Аз рӯи масъалаи баррасишуда вакилон аз ҳавзаи интихоботии «Сирдарё», №1 Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров ва аз ҳавзаи интихоботии «Панҷакент», №23 Ислом Шафеиён ба музокира баромада, бобати тақвияти корҳо дар самти рушди сайёҳӣ фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ суханронӣ намуда, бобати иваз намудани номи маҳали аҳолинишин таклиф пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2020 мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Вакилонииҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум нисбати масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, қарорҳои Раиси вилоятро тасдиқ карданд.

 Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷлосияро ҷамъбаст намуда,    аз ҷумла бобати вусъати тадбирҳо дар самти рушди сайёҳӣ, мутобиқи талабот ба роҳ мондани фаъолияти осорхонаҳо ва меҳмонхонаҳо, таҳкими иртиботи вакилон бо интихобкунандагон ва бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои муфид дод.

Мухтори Абдулло,

 «Ҳақиқати Суғд»

 

 

Add comment


Security code
Refresh