Терроризм – хатар ба амнияти ҷомеа

Масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва хеле ташвишовар буда, айни замон сайёраро ба изтироб андохтааст.

Терроризм ва экстремизм барои ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод намуда, боиси паст рафтани иқтисодиёт, ноором гаштани вазъи сайёра, монеа барои пеш рафтани соҳаҳои гуногун, халалдор намудани амнияти ҷомеа гардидааст. Шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст. Сабабҳои асосии ин амалҳои хатарзо паст будани дониши динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҷавобгӯ набудани маърифату ҷаҳонбинӣ, дуруст дарк накардани вазъи сиёсии ҷаҳон мебошад. ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бо ҳар роҳу васила ҷавонони ноогоҳро ҷалб намуда, барои амалӣ намудани мақсаду ғаразҳои нопоки худ истифода мебаранд. Масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм  ҳамеша дар маркази диққати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, зеро терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Аз ин рӯ, ҳар яки маро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, бояд огоҳ бошем, ҳушёр бошем, ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ тарбия намоем ва аз ҳама муҳимаш оиди муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм бетараф набошем.

Илҳом ШАРИФЗОДА,
котиби маҷлиси судии суди
ноҳияи Ҷаббор Расулов

Add comment


Security code
Refresh