БАДХОҲИ КАСОН, БА МАҚСАД НАРАСАД

Намоиши қисмати чоруми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” тавассути шабакаи телевизионӣ идомаи се қисмати филми мазкур буда, дар он парда аз рӯи ҷиноятҳои гӯшношуниди ТТЭ ҲНИ бардошта мешавад.

Дар филм дар асоси далелҳои раднопазир, сабтҳои видеоии мустанад, нақли шоҳидони бевоситаи воқеаҳои нангини солҳои аввали истиқлолият тамоми кору кирдори ваҳшиёна, сурату сирати ғайриинсонии худобехабарон, маслакгумкардаҳо, хоинони миллат, Ватан, дину мазҳаби мо воқеъбинона инъикос ёфтааст.

Тамошои филм ҳар бинандаро ба риққат, ҳолати ногувор, хашму ғазаб нисбат ба кору кирдори ваҳшитинатони ТТЭ ҲНИ меорад. Дар филм аҳволи риққатовари гурезагон, гиряи кӯдакони маъсум, фиғони модарони фарзандгумкарда, сӯхтану шикастанҳо, бераҳмии ҳаммиллатони мо, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ меҳисобанд, вале хуни тоҷикро рехтанд, намоиш дода шудааст.

Аз тамошои филм як падидаи хеле ногувор, аз табиати инсонӣ фарсахҳо дур ба назар мерасад, ки тамоми фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз оғози ба саҳнаи сиёсӣ омаданаш, танҳо кору амали зишт буд.

Меросбари имрӯзаи онҳо, ки аз муассиси “Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ, ки аз наҳзатиёни паймоншикан иборатанд, имрӯз низ кирдорҳои нопоки худро идома медиҳанд ва мехоҳанд, ки Тоҷикистонро бори дигар ба гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ кашанд.

Аз намоиши  филми мазкур  мардуми шарафманди тоҷик чеҳраи аслии ин душманони миллатро ба хубӣ шинохтанд ва ҳеҷ гоҳ ба доми фиребу найранги онҳо нахоҳанд афтод ва ин хиёнаткорон ҳаргиз ба мақсадҳои палиду нопокашон нахоҳанд расид, чуноне,  ки шоир фармудааст:

Хоҳӣ, ки зи кас газандат нарасад,

Бадгӯву бадомӯзу бадандеш мабош.

Ш.ШАРИФОВ,
И.ҶАББОРОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобофон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh