Аз бадниҳод накӯӣ тамаъ мадор!

Силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, симои манфур, мақсадҳои разилона ва ниятҳои нопоки аъзои ТТЭ ҲНИ-ро ифшо месозад.

Бояд ҳар як соҳибватан донад, ки ин кӯрдилон чӣ мехоҳанд ва барои амалишавии нияти нопокашон аз ҳеҷ ҷиноят рӯ намегардонанд. Дар қисми 4-уми филми «Хиёнат» он ҳаводиси нангин ва даҳшатҳои наҳзатиёни палид ва манфур аз забони шоҳидони ҳол баён ёфтааст.

Бояд гуфт, ки филми мустанади "Хиёнат",  ки дар заминаи далелҳои амиқ ба навор гирифта шудааст, бори дигар   чеҳраи зишти душманони давлат ва халқи тоҷикро муаррифӣ намуд. Дар асл, филм бо далелҳои раднопазир,  наворҳои воқеъӣ, парвандаҳои ҷиноӣ ва ошкорнашудаи касифони наҳзатиро ошкор сохтааст. Зимни тамошои ин филм кас ба хулосае меояд, ки кӯрдилон аз оғози соҳибистиқлолӣ ниятҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Ин афрод ҳоло аз мамлакатҳои хориҷӣ бо хоҷагони худ нақшаҳои гуногунро тарҳрезӣ намуда, бо роҳи фиреб ҷавононро ба роҳи ифротгарорӣ ҷалб намуданианд.

Ба мо, ҷавонон, намоиши ин филм бори дигар аз амалкардҳои ин хоинони Ватан ёдрас намуда, ишора ба он намуд, ки мо ҳамеша ва дар ҳамаҷо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ин хоинонро ҳамчун душманони аслии худ шиносем.

Шамил НАЗАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh