Намак хӯрда ба намакдон туф кардан

Ростӣ имрӯзҳо як қатор ноқисулақлони беватан ё беору номус, ки солҳои сол дар сарзамини аҷдодии худ косаи роҳат чашида, бар ивази дар пиронсолӣ роҳат аз зиндагӣ дидан даст ба маншаву ғайбат мезананд. Ман дар назар дорам “нафақахӯр” Исломиддин Садировро, ки чун мақолаи “аз бекор ҳама безор” ба назарам дигар коре надорад, ба фикри ғайбати ҷомеаи имрӯза пардохтааст. Ҳайфи номи нафақаҳурӣ! Боз худро “ветерани меҳнат” номидааст.

Барои ҳамин, ҳар инсони комиле, ки ақлу ҳуши расо ва комил дораду муроҷиатномаи нафақахӯр, ветерани меҳнат Исломиддин Садировро аз назар мегузаронад ба чунин хулоса меояд, ки то кадом дараҷа тухми одамизод сиёҳу пӯсида ва дар ботини ӯ мақсадҳои ифлосу фасодкорона зиёд мебошад. Зеро Садиров чунин нуқтаҳоеро дар муроҷиатномаи худ ёдовар шуда гузаштааст, ки аз хондани он инсон ба ханда омада то кадом дараҷа бебарор ва дар ҳаёт бемақсаду бемаром буданашро хоҳад фаҳмид.

Садиров менависад, ки гӯё ташкил ва баргузории интихобот як воситаи чашмбандии ҳукумати қонунии дар асл ғайриқонунӣ шуморида шуда, созмонҳои байналмилалӣ аз баргузории он ҳама вақт норози мебошанд, инсонро ба ҳайрат меоварад.

Агар ин нуқтаро дурустар натиҷабардори намоем дар асл як ҳарзаи беасос буданашро мефаҳмем. Чунки дар Тоҷикистон интихобот ҳамчун яке аз арзишҳои олии ҳуқуқии дар сатҳи Конститутсия муайяншудае мебошад, аз демократи будани ҷомеаи Тоҷикистон ва аз лиҳози арзишҳои демократи мустаҳкам будани сохторҳои конститутсионии он шаҳодат медиҳад. Ва агар асосҳои ташкилии интихобот дар Тоҷикистон ба талабот ва стандартҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқат накунад магар ба қатори панҷгонаи Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил мешавад? Инчунин дар вақти баргузории ҳар як маъракаҳои интихоботи, ки мутобиқи меъёрҳои конститутсионӣ халқ ба доираи муайяни суъектони интихобшаванда раъйи худро медиҳанд, мушоҳидони байналмилалӣ иштирок менамоянд, ки онҳо нозирони шаффофияти баргузории маъракаи интихоботи мебошанд. Ва аз иштироки онҳо ягон маротиба то кунун шикояте аз тарзи баргузории интихобот ва ғайриқонунӣ будани он шикояте нашудааст.

Ин ҳолатҳое, ки мо дар боло ёдовар шудем аз он огоҳи барои мо медиҳанд, ки он асосҳое, ки Садиров овардааст ягон асоси воқеъии худро надоранд.

Гузаштагони мо як мақоли хуб гуфтаанд, ки  аз коре, ки хабар надори чаро ба он даст мезанӣ дар ин ҷо ба яке аз андешаҳои Садиров мисол шуда метавонад. Садиров дар муроҷиатномаи худ моддаи 1-уми Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки он дорои мазмуни зерин мебошад: Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад. Ба андешаи ӯ гӯё меъёри мазкури қонунгузории конститутсионӣ ба манфиатҳои конститутсионии аҳолӣ равона нашуда, дар он сӯрохиҳои қонунӣ маҷуд мебошад. Аммо агар мо ин мазмуни меъёрро аз назар гузаронем пас ба чунин хулоса меоем, ки дар асл ин меъёр ба хотири дастгири ҷавонон дар қонун оварда шуда, ҷой додани онҳо дар мансабҳои роҳбарикунанда боз ҳам ба пешравӣ ва тараққиёти ҷомеа оварда мерасонад. Чунки ҷавонон дорои зеҳн, фаросод ва ҷаҳонбинии васеъ буда, онҳо дар пешравии тараққиёти ҷомеа саҳм гузошта метавонанд. Лекин ба ҳамин ҳолати кор ҳайрон шудан мумкин аст, ки чаро инсоне, ки чи будани ҳуқуқро намедонад ба масъалаҳои нозуктарини он даст мезанад?

Аз хондани муроҷиати ин собиқадори меҳнат ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки он худ дар фазои тинҷу ором зиндагӣ мекунаду ба қадри ин неъматҳо, ки онро 200 миллион халқи Курд ва дигар миллатҳои дигари беватан орзу мекунад, намерасад.

Нафарҳое чун Садиров як бозичаи хоҷагони хориҷӣ буда онҳо намедонанд, ки дар асл чи мехоҳанд, вале бо вуҷуди он бо ин ҳама бесаводию саводи кӯр-кӯронаи худ даъвои Ҳукумат ва ғайра масъалаҳои нозуки сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мекунад.

Одиев И. – донишҷӯи курси 4-уми
ихтисоси ҳуқуқшиноси ДДҲБСТ

 

Add comment


Security code
Refresh