ТАҲАММУЛ МЕБОЯД, НА ИҒВОГАРӢ…

Посух ба гуфтаҳои Чингиз Макешов, роҳбари як ҳизби Қирғизистон

Медонем, ки  дар бисёр минтақаҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла  Овчиқалъача, Қулунди, баъзе манотиқи Исфара тоҷикону қирғизҳо  бо ҳамдигар дар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат, ҳамкорӣ зиндагонӣ мекунанд. Чунонки сардухтури беморхонаи ноҳиявии ноҳияи Ҷаббор Расулов иброз медорад, дар беморхона ва осоишгоҳҳои ноҳия  даҳҳо сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ табобат мегиранду дар дили ягон нафари онон эҳсоси кинаву адоват ҷой надорад.

Вале  имрӯз  кирдори муғризонаи  роҳбари ҳизби ба ном «Йимон Нури» Чингиз Макешов  мардумони  сарзамини моро  нисбат ба амнияти хеш ба  ташвиш меандозад. Суханони ин саркардаи ҳизб  касро ба андеша водор месозад. Ин фард  гӯё дар фикри минбаъд  дар муросову мадоро  умр ба сар бурдани мардуми тоҷику қирғиз нест. Зеро иброз медорад,   ки «муаммои муноқишаҳои наздисарҳадиро дар сатҳи  роҳбарони ду кишвар ҳал кардан мумкин нест, муноқишаҳоро Бишкек ҳал намекунад, худи мардуми минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳал мекунанд.  Ин суханон баръало бар он далолат мекунанд, ки  яъне,  тирпаррониву куштор дар минтақаҳои наздисарҳадӣ идома хоҳад ёфт. Охир чигуна  мешавад, ки  дар як гӯшаи ин мамлакат вазъияи муташанниҷ бошаду роҳбарияти кишвараш ба он дахолат накунад!

Боз  ӯ  дар ин минтақа  ба вазъият роҳбарӣ намудани  Ӯринбой Сапаралӣ  ном шахсро таъкид менамояд. Ҳол он ки  ин фард  барои авбошӣ  ҳабс гаштааст.

Чингиз Макешов  имрӯз мардумро  баҳри аз ҳар ҷиҳат фишороварӣ ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ даъват мекунад. Яъне бо надодани об ва ё  аз лиҳози иқтисодӣ фишор овардан ва ғайраҳо. Ӯ мардумро  ба он даъват карда истодааст, ки  яроқнок шаванд ва ҳар лаҳза  ба зарба задан омода бошанд.

Ҳамаи ин андешаҳои  муғризона ва  сабукфикронаи як нафар фард аст.  Вале  бояд андеша кард, ки Тоҷикистон ҳам  мамлакати бедарвоза нест.  Он Ҳукумат, роҳбар дорад ва ба  на як бору ду бор ба  амалҳои  иғвоангезона  посухи сазовор додааст. Ин ҷо як нуктаи муҳимро набояд аз мадди назар дур кард, ки мардумони тоҷику қирғиз  асрҳо инҷониб дар дӯстиву  рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ,  додугирифту равуо умр ба сар мебаранд. Як рафтори  беандешаёна  метавонад  ба решаи ин муносибат теша занад. Мо бо ҳам ҳамсоя, ҳамҷавор, ҳаммарз ҳастем ва  бояд ҳадду андозаи ин  муносибатҳоро нигаҳ дошт.

Р.Неъматзода,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh