Ояндаро бо ҳам месозем!

Дирӯз дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Зан ва интихобот: «Ояндаро бо ҳам месозем!» мулоқот баргузор гардид.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, доир ба «Занон ва интихобот: вазъи муосир ва дурнамои рушд» сухан ронд. Мавсуф доир ба баргузории якчанд маҳфил ва мулоқот бо намояндагони сохторҳои мухталиф, таърихи барқарорсозии давлати демократӣ, ягона ва ҳуқуқбунёд, гузоштани қадамҳои устувор аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба ваҳдати миллӣ ибрози ақида намуд.

- Боиси ифтихор аст, ки ҷаҳониён кишвари соҳибтамаддуни моро чун кишвари пешрафта, дорои таърихи куҳан ва тараққикарда, мардумаш эҷодкору созанда мешиносанд. Дар раванди созандагӣ Пешвои муаззам аз минбарҳои воло баҳри шукуфоиву тараққиёти ҷомеаи мо талош меварзанд. Аз ин рӯ, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба ҳувияти миллӣ, пос доштани миллату Ватан расидем. Президенти мамлакат аз ҷумлаи шахсиятҳое мебошанд, ки бо ҷаҳду талошҳои хеш, бо асарҳои пурмуҳтавояшон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат заҳмат кашиданд. Дар ҳар як суханронӣ, мулоқот ва Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, саҳми онон дар рушду нумӯи кишвар ёдовар шуда, дар бобати дастгирии занон чанд қонуну қарорҳо ба тасвиб расонида, инчунин барномаҳои миллӣ ва Консепсияи рушди оиларо низ тарҳрезӣ намуданд. Алҳол дар ҳудуди кишвар зиёда аз нӯҳ ҳазор зан дар зинаи сарварӣ ва хизматчии давлатӣ меҳнат мекунанд. Имрӯз аз ҳисоби бонувон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, якнафарӣ дар мақоми муовини Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят ва раиси шаҳр, 18 нафар муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, 48269 нафар дар соҳаи маориф, 24243 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 88546 нафар дар самти кишоварзӣ, 12 нафар доктори илм дар вилоят фаъолияти пурсамар дошта, беш аз панҷсад нафар духтар тибқи квотаи Президентӣ дар донишгоҳҳо таҳсил намуда истодаанд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои занони вилоят, директори Мактаби Президентӣ Мадина Набизода дар мавзӯи «Интихобот – раванди демократикунонии ҷомеа» маъруза намуда, қайд кард: «Шукрона аз даврони Истиқлолият мекунем, ки ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рӯзҳои осудаву макони обод расидем. Ҳоло моро беш аз 190 давлати дунё мешиносанд ва мунтазам пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар арсаи байналмилалӣ эътироф мегардад».

М.Набизода инчунин дар бораи омодагии ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ, ворид сохтани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ширкати мушоҳидони байналмилалӣ ва баҳогузории онҳо, ҳамрайъӣ бо назардошти одобу рафтори шарқиёна, соҳиби тамаддуни беш аз панҷҳазорсола буданамон маълумоти муфассал дода, аҳли нишастро барои дар рӯҳияи ватандӯстиву раиятпарварӣ баргузор намудани маъракаи сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мадина Салимзода доир ба «Хусусиятҳо ва бартариҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» сухан ронда, бартарии барномаи кунунии Пешвои муаззами миллатро нисбати солҳои пешин шарҳ дод.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Дилбархон Ғафурзода дар бораи саҳми бонувон ва сиёсатмадорон дар рушди ҷомеаи тоҷик ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нафиса Бобоҷонова дар бораи интихобот чун рукни муҳими ҷомеаи демократӣ ва омодагии ҷавонон ба маъракаи муҳими сиёсии навбатӣ фикру андешаҳои хешро баён карданд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh