Овози мо ҳалкунанда аст!

- Маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муҳими сиёсӣ буда, моро лозим аст, ки на танҳо чун мутасаддии ҳавза ва ё участкаҳои интихоботӣ, балки ҳамчун як фарди ватандӯсти кишвари ҳамешабаҳорамон бояд якдилона барои ояндаи кишварамон ҳамраъйии хешро собит созем. Ҳоло мо, кулли мардуми сарзамини офтобрӯя, ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинем. Солҳои қаблиро ба хотир оред, чӣ давраҳоро аз сар гузаронидем? Имрӯз замоне расидааст, ки ҳама ҷой гулпӯш гардидааст ва фикр мекунам, пас аз ин моро лозим аст, ки баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоӣ меҳнат кунем, - гуфт раиси ҳавзаи интихоботии «Истаравшан», № 32 - и шаҳри Истаравшан Афзуналӣ Абдураҳмонзода.

Дар даҳ ҷамоати деҳот ва 22 кумитаи маҳаллахонаҳои шаҳри Истаравшан 90 участкаи интихоботӣ ташкил гардида, метавон гуфт, ки онҳо пас аз ба тасвиб расидани қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ омодагӣ дидаанд.

Дар масъалаи барӯйхатгирӣ ва паҳн намудани маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз ҳисоби ҷавонон ихтиёран панҷоҳ нафар дар ҳамаи ҷамоатҳо фаъолият мебаранд. Айни ҳол участкаҳои интихоботӣ бо ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, хонаи модару кӯдак, варақаҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба тарзи баргузории маъракаи интихобот, телефон, компутер бо тамоми таҷҳизоташ таъмин гардидааст. Рӯйхати эҳтимолии овоздиҳандагон 162856 нафар буда, 10807 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва 4094 нафар бори аввал овоз медиҳанд. Корбарӣ дар участкаҳои интихоботии ҷамоатҳои деҳоти Нофароҷ, Гули Сурх, Пошкент, кумитаи маҳаллахонаҳои «Боғот», «Зафар», «Исмоили Сомонӣ», «Навобод» ва «Дилкушо» назаррас буда, кори дигар участкаҳои интихоботӣ низ пас аз эроди намояндагони Комиссияи марказии интихобот беҳтар шуда истодааст. Раисони участкаҳои интихоботии рақамҳои 1, 2, 11 ва 18 Ҳусейн Юсуфов, Нуринисо Дадоҷонова, Исмоилҷон Камолҷонов ва Фарҳод Бобоҷонов сари вақт минтақаҳои овоздиҳиро омода сохта, тибқи талаботи Комиссияи марказии интихобот кору фаъолият бурда, ҳамчунин бо интихобкунандагон низ ҳамкориро хуб ба роҳ мондаанд. Намояндагони Комиссияи марказии интихобот Аваз Назаров ва Д. Наимов аз рӯи омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ се маротиба ташриф оварда, ду маротиба бо риояи фосилаи байни одамон баҳри пешгирии бемории коронавирус бо аъзоёни участкаҳои интихоботӣ семинари дастурдиҳӣ гузарониданд.

Бори сеюм бошад, намояндагони Комиссияи марказии интихобот аз участкаҳои интихоботӣ дар ҷамоатҳо дидан намуда, фикру андешаи хешро оид ба тарзи баргузории маъракаи интихобот иброз доштанд. Эроди асосии онон оид ба шароити мусоид фароҳам овардан нисбати шахсони ниёзманд – маъюбон буд, ки он ҳам сари вақт бартараф гардид. Ҳоло дар 90 участкаи интихоботии шаҳри Истаравшан барои интихобкунандагони ниёзманд роҳрав ва утоқи махсус омода гардидааст.

Воқеан, тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот, барои пешгирӣ аз бемории коронавирус дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ниқоб, маводи тиббии антисептикӣ, ҳароратсанҷ, инчунин ду либоси муҳофизатӣ омода шудааст. Дар рӯзи баргузории маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якнафарӣ намояндагон аз КАТС ва идораи санитарию эпидемиологии шаҳр бо либоси муҳофизатӣ ҳар як овоздиҳандаро пас аз пурра безарар гардондан ва санҷидани ҳарорати онҳо иҷозати ворид гардидан медиҳанд. Айни ҳол метавон гуфт, 90 фоизи участкаҳои интихоботӣ барои пешгирии бемории коронавирус бо маводи лозима таъмин гардидаанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh