Евгений Козяк – намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ: Дар Суғд омодагӣ ба интихобот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст

Намояндаи комиссияи интихоботии Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) Евгений Козяк ва узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Мадумаров ба вилояти Суғд ташриф оварда, ба вазъи омодагии ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ аз наздик  ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, меҳмонон аз ҳавзаи интихоботии №26, участкаҳои интихоботии рақамҳои 22 ва 53 – и шаҳри Хуҷанд боздид намуда, бо ҷараёни омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардида, бо масъулин сӯҳбати судманд намуданд.

Евгений Козяк дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» изҳор дошт, ки аз корҳои омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қаноатманд аст. Ба иттиллои мавсуф дар участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихобкунандагон шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, корҳои омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла ташвиқоту тарғибот, пешниҳоди маълумот дар бораи номзадҳо ва барномаи онҳо, таъсиси гӯшаҳои иттилоотӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

- Мо, як гуруҳ мушоҳидони байналмилалӣ дар арафаи интихобот ба Тоҷикистон омадем, то ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро назорат намоем. Ман ҳамчун намояндаи комиссияи интихоботии ИДМ аз соли 2005 инҷониб дар якчанд интихоботҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаам ва дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорам. Аз ҷараёни омодагӣ ба интихобот дар ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботии вилояти Суғд қаноатмандӣ изҳор намуда, боварӣ дорам, ки мардуми Тоҷикистон дар интихобот фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзанда раъй хоҳанд дод, - зикр дошт Евгений Козяк.

Мухтори Абдулло,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh