Сиёсат ва ахлоқмеҳварӣ

Рӯзҳои охир навиштаи муҳаққиқи тоҷик Абдуллои Раҳнаморо таҳти унвони «Чаро «наҳзати маърифат» ба наҳзати нафрат табдил шуд?» мутолиа намуда, ба андеша фурӯ рафтам.

Мӯҳтавои ин навишта ба он мавзӯъ дахл менамуд, ки чи гуна дар сиёсат ширкат намуда, сиёсатзада нагардем, ҳамчун инсон боқӣ бимонем ва ба мавҷуди беҳисе табдил нашавем. Нуқтаи муҳими баҳси муаллиф дар он буд, ки муносибатҳои инсониро фаромӯш насозем ва арзишҳои инсонию тоҷикиро дар ҳама сурат нигоҳ дорем. Дар сиёсат ахлоқмеҳвар бошем ва барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз василаҳои номашрӯъ ва бадахлоқона, туҳмату таҳқир, бадзабонию ҳақорат истифода насозем. Новобаста аз пайравии идеологӣ ҳамчун инсон боқӣ бимонем, ки арзиши муҳим ва ҳадафи муҳимми як ҷомеаи мардумсолор мебошад.

Дар шароити имрӯза паст шудани сатҳи ахлоқмеҳварии сиёсӣ ба яке аз мушкилоти ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Ҳатто кор то ба ҳадде расидааст, ки як нерӯи даъвогар ба номи «исломӣ» аз василаҳои ғайриахлоқонае чун туҳмату таҳқир ва ҳақорат кор мегирад, аз мардумсолорӣ сухан меронад, аммо пойбандии хешро ба пос доштани каромат ва шарофати инсонӣ нишон намедиҳад. Албатта чунин ҳолати дуршавӣ аз ахлоқмеҳварӣ дар ҷомеаи мо боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки нерӯҳои сиёсиро на ба самти муколамаи сиёсӣ, балки ба самти бархӯрду набард ва фаъолиятҳои таҳрибкунанда таҳрик мекунад.

Матлаби навиштаи муҳаққиқ Раҳнамо хосияти фарогир дорад. Он ба ҳамаи мо, ба кулли ҳаммиллатон ва ба ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ дахл дошта метавонад, ки дар умури сиёсӣ меъёри ахлоқро нигоҳ дорем, фаъолияти хешро дар тарозуи ахлоқӣ бисанҷем, ҳангоми ширкат дар ҳаёти сиёсӣ ба иззати нафси ҳамдигар нарасем ва аз василаҳои номашрӯъ истифода насозем. Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи мо тадриҷан аз арзишҳои ахлоқмеҳварӣ дур мегардад. Фазои шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ бозӯи чунин ҳолат аст, ки ба як майдони набарди шадид, майдони фаҳшгӯӣ ва баддаҳонӣ, тӯҳмату таҳқир ва беодобиву бадахлоқӣ табдил шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибҳои сиёсӣ ба сари якдигар борони ҳақорату фаҳшо мерезанд, якдигарро ба бадахлоқӣ муттаҳам месозанд, модару хоҳари якдигарро носазо мегӯянд, ки аз доираи муносибатҳои инсонӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва имонӣ фарсахҳо дур аст.

Чуноне ки аз матлаби А.Раҳнамо бармеояд ҳатто донандаи хуби «Қуръони карим», ки бояд муаллими ахлоқ бошад ва ахлоқмеҳвариро сарманшаи фаъолияти хеш қарор диҳад омода аст нисбати дигарон фаҳш гӯяд. Чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ аст.

Дар ҳама ҳолат муносибати инсонӣ ва пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ аз баҳсу муҷодалаҳои сиёсӣ боло меистанд. Дар фазои муносибатҳо ва муборизаҳои сиёсӣ зарур мешуморем, ки доираи ахлоқӣ ва инсонӣ ба ҳисоб гирифта шавад. Хусусан нерӯе, ки худро исломӣ муаррифӣ мекунад ва каломашро бо номи Худованд шурӯъ месозад ҳаққи маънавие надорад, ки дур аз ахлоқ амал намояд. Вақте як нерӯи сиёсӣ худро «исломӣ» муаррифӣ мекунад ва барои ҳадафҳои сиёсӣ аз василаҳои номашрӯъ истифода месозад, тамоми ҷомеаи мусалмонӣ аз ин рафтори онҳо ранҷ мебарад. Дар умум коста шудани обруву эътибори мусалмонон дар ҷаҳон то як андоза ба фаъолияти чунин нерӯҳои сиёсии исломӣ рабт дошт, ки суханашон яку амалашон комилан дигар буд.

Дар шароити имрӯза зарур мешуморем, ки ҳама гуна нерӯҳои сиёсӣ (ТТЭ ҲНИ ва мухолифини дар хориҷа буда) дар фаъолияти хеш пойбанди арзишҳои инсонгароӣ ва ахлоқи некӯ бошанд. Бузургон ва пешгузаштагони мо дар эъҷодиёти хеш оид ба ахлоқи накӯ зиёд навиштаанд ва наслҳои имрӯзии онҳоро зарур аст, ки пойбандии хешро ба ахлоқу одоби инсонӣ нишон диҳанд. Василаҳои бадахлоқона ва таҳқиру ҳақоратро канор гузоранд ва инсонмеҳварию ахлоқмеҳвариро пешаи хеш созанд. Насли миллати тамаддунофарро зарур аст, ки дар рафтору гуфтор ва амали хеш аз муносибатҳои мутамаддин истифода намояд на аз василаҳое, ки рӯҳи гузаштагонро нороҳат ва худи миллатро парешону беобурӯ мегардонанд.

Солиев Ш.Х. – н.и.с., сармуаллими
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh