ЭЪТИРОФИ ХАТОГӢ – НИШОНИ ҶАВОНМАРДИСТ

 

 

 

Таҳлили охирини Абдулло Раҳнамо атрофи масъалаи Паймони миллӣ ва каҷрафтории ҳизби наҳзат бори дигар собит намуд, ки мавҷудият ва фаъолияти ин гурӯҳи сиёсӣ аз ҳар ҷиҳат на танҳо ҷавобгӯ ба манфиати имрӯзаи давлату миллат нест, балки надоштани потенсиали кадрӣ, барномаи мушаххас ва шеваи корбарии муғризона ҳадафи ноором кардани суботи ҷомеа доштани онҳоро собит месозад.

Ҳодисаи кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ моҳи сентябри соли 2015, ки бо пуштибонии ҳизби наҳзат ва аз ҷониби генерал Назарзода ба миён омад, бори дигар собит намуд, ки ин ҳизб муқобили қонун ва зидди манфиатҳои миллии кишвар амал намуда, дар зарфи мавҷудият баҳри пешрафти кишвар коре анҷом надод.

Ба андешаи А.Раҳнамо агар ин ҳаракат мавқеи миллӣ ва роҳи созандагиро пеш мегирифт, беҳтар мебуд. Аммо афсус, ки он мавқеи миллӣ ва он масири созанда дар ниҳоят ҳосил нашуд. Савол ба миён меояд, ки чаро аз мавқеи миллӣ ва роҳи созандагиро нагирифта боз ҳам аз рӯи ҳадафҳои пешинаи худ амал намуданд. Сабабҳо шояд зиёд бошанд, аммо як омил ин буд, ки онҳо рӯи манфиатҳои милливу давлатӣ камтар андеша ва корбарӣ намуданд. Ҳизбе ки манфиатҳои оммаро пуштибонӣ ва ҳимоя накунад, омили созанда ва муттаҳидкунандаи мардум буда наметавонад.

Роҳи нодурусте, ки имрӯз бархе аз аъзои ТТЭ ҲНИ пеш гирифтаанд, ин тавассути шабакаҳои интернетӣ иғвоангезӣ аст. Магар бо роҳи сангандозӣ ва сиёҳкунии сарзамини худ диёрро ободу зебо карда мешавад? Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд эътибори ҳукуматро дар назди мардум коста намоянд. Вале, ҳамаи мо дида истодаем, ки сол аз сол Тоҷикистон ободу зеботар шуда истодааст. 

Дар баробари дигар давлатҳои дунё. Ин андешаро борҳо Пешвои миллат баён доштанд, ки кишвари мо низ мушкилоту муаммоҳо дорад, вале Ҳукумати кишвар талош намуда истодааст, то сол аз сол онҳо ҳалли худро ёбанд. Дар муқоиса ба солҳои 90-уми асри гузашта ҷумҳурӣ бисёр ҳам ободу зебо гардид. Ин андешаи танҳо мардум нест, балки ин фикри ҳар хориҷие, ки қаблан аз ҷумҳурӣ дидан намудаанд, мебошад.

Ҳоло амали бади ТТЭ ҲНИ дар он аст, ки берун аз истода, ба бадгӯӣ ва сиёҳ кардани кишвари худ машғул мебошанд. Ба қавли таҳлилгари сиёсӣ А.Раҳнамо Паймони миллӣ як ташкилоти сунъии бе заминаи иҷтимоӣ ва миқёсӣ миллӣ аст. Воқеан аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ба истиснои чанд нафар аз рӯзноманигорону таҳлилгарон аз ин эътилоф огоҳии дуруст надоранд ва онро ҳамчун ҳаракат эътироф намекунанд.

Созмоне, ки танҳо ба сиёҳу бадном кардани ватани худ машғул аст, чи гуна тарафдору ҷонибдор дошта метавонад. Аз ин лиҳоз гарчанде ин ашхос амалҳои зиёди ноҷавонмардона анҷом доданд, вале ҳоло беҳтар аст, ки аз ин кор даст кашида, фикри ободии Тоҷикистонро намоянд. Зеро оқибати амали онҳо пушаймонист. Саҳм гузоштан дар ободии кишвар омили таҳкими суботу оромӣ, пешрафти Ватани азизамон ва  камтарин саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh