Ҳимояи манфиатҳои миллӣ – вазифаи шаҳрвандӣ

Ҷаҳонишавӣ дар баробари башариятҳо паҳлӯҳои манфӣ низ дорад. Яке аз онҳо тавассути васоити ахбори омма таъсир расонидан ба ахлоқ ва арзишҳои миллӣ аст, ки кишвари мо аз ин дар канор нест.

Аз кишварҳои хориҷа истода. Бо супориши хоҷагони хориҷиашонтавассути шабакаҳои иттилоотӣ ба мафкураи мардум бахусус ҷавонон таъсири манфӣ расонида истодани бархе хоинони ватанамон гувоҳи ин гуфтаҳост.

Дар ҳақиқат ҷаҳони имрӯза монанди замони пешин нест. Аз ин лиҳоз мо - шаҳрвандони кишвар бояд пеш аз ҳама худшинос, худогоҳ бошем, манфиатҳои миллии худро дар мадди аввал гузорем. Рӯҳи худшиносии миллии шаҳрвандон ба миллат ва давлат имконият медиҳад, то бар зидди хатарҳои иттилоотӣ омода бошад ва худро аз фирефташавӣ дифоъ намояд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳам дар даврони нооромиҳои солҳои навадум аз амалҳои ифротгароён бисёр зарар дид. Ҳеҷ сирре дар дунё пинҳон нахоҳад монд, чих еле амалҳои хоинони Ватан имрӯз ба ҳама аён гаштааст. Ҷаҳони имрӯза рӯз то рӯз дар мубориза бо терроризм-вабои аср боз ҳам муттаҳидтар мегардад, ва кишвари мо дар сафи пеши ин мубориза буда, алайҳи ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ мекунад.

Ободӣ, осудагӣ, сулҳу ваҳдат дар фазои Тоҷикистони азиз, орзую омоли ҳар як шаҳрванди худшинос ва худогоҳ мебошад.

Тоҷикистон азизам, бо ту ман пар ёфтам,

Ҳар кафи хоки туро ман дурру гавҳар ёфтам.

Ашӯров ИКРОМ,
устоди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh