Нақши ҷавонон дар рафъи зуҳуроти номатлуб

Тараққиёти босуръати ҷаҳон, инқилоб дар илму техника ва табаддулоти бозори ҷаҳонӣ аз ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ, аз ҳар як миллат муносибат ва диди навро ба ҳаёт талаб дорад. Аз ин рӯ, барои ҳар як фарди ҷомеа лозим аст, ки ин муносибат ва дидро дар асоси талаботи замон, вале дар заминаи миллию таърихии хеш дарк, пазироӣ ва амалӣ гардонад. Дар замони рушди раванди ҷаҳонишавӣ танҳо тавассути нигоҳ доштани беҳтарин арзишҳои миллӣ, таърихӣ, эътиқодӣ ва корбасти онҳо дар заминаи навтарин дастовардҳо муносибати миллатҳо метавонад боиси ҳамқадами замон шудани ин ё он миллат гардад.

Бо бовари комил метавон гуфт, ки давлату миллати мо низ ҳаматарафа барои ба сатҳи баланд баровардани вазъи иқтисодии мамлакат устуворона қадам  мезанад. Дар ин раванд нақши асосӣ ва муҳимро, махсусан, ҷавонон ба уҳда гирифта, имкониятҳои бештар барои тараққиёти ҷомеа ва азнавкунонии ҷомеа доранд. Новобаста аз ин, баъзе масъалаҳои дигар ҳанӯз дар ҷустуҷӯи ҳалли дурусти худ ниёз ба кӯмакҳо доранд. Ҷавонони пешқадами мо бояд талоши бештар намоянд, то ягона роҳи ҳалли дурусти масоилро ёфта тавонанд.

Яке аз чунин масъалаҳо маҳдуд будани ҷаҳонбинии қисмати ҷавононест, ки дур аз Ватан ҳанӯз бар зидди давлату миллат баромада, амалҳои ношоистае ба мисли терроризм ва экстремизмро пайравӣ доранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Дар шароити кишвари мо роҳи дурусти бартараф кардани хатари ин тамоюлоти мудҳиш, пеш аз ҳама, бештар рӯй овардани ҷавонон ба омӯзиши илму дониш, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва дурӣ ҷустан аз ақидаҳои бегона мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ буда, дар байни давлатҳои хурду бузурги сайёра мақому манзалат дорад. Ҳар қадар таъсири равияҳои ифротиву моҷароҷӯ ба амнияти кишвар ва аҳли ҷомеа кам бошад, ҳамон андоза кишварҳои дохилу хориҷ бо давлату миллати мо робитаи дӯстӣ ва наздикӣ пайдо хоҳанд кард. Ҷавонони мо бояд ҳамеша талош бар он намоянд, ки обрӯ ва эътибори баланди миллату давлати худро дар сатҳи ҷаҳон боз ҳам боло бардоранд.

Х.МУСТАФОЗОДА,
полковники адлия, сардори
шуъбаи тафтишоти Прокуратураи
ҳарбии гарнизони Суғд

Add comment


Security code
Refresh