Маслиҳатгарони фитнаангез...

Бо баробари баргузории интихобот интихобкунандагон ба номзадони арзандаи хеш овоз медиҳанду ба тақдиру сарнавишти ояндаи миллат саҳми худро мегузоранд. Гузашта аз ин, маҳз бо воситаи интихобот интихоб намудани сарвари мамлакат, демократӣ будани сохти давлатдориро нишон медиҳад.

Лекин имрӯз ашхоси нохалаф ёфт мешаванд, ки аз кишварҳои бегона истода, нисбати Ватани худ айбҷӯӣ мекунанд. Албатта, инҳо ҳамон аъзои ТТЭ ҲНИ-анд, ки дар хориҷа алҳол ҳамчун гуреза қарор доранд ва нисбати давлати Тоҷикистон хиёнатро пеша кардаанд. Бо иғвогариву дасисабозиҳояшон мехоҳанд ба сулҳу амнияти мамлакат халал ворид кунанд. Аз ҳама муҳимаш онҳо маслиҳатҳои фитнаангезро дар сомонаҳо ҷойгир карда истодаанд. Албатта, ин суханон наметавонанд ба мафкураи инсони соҳибақл таъсир расонанд, зеро нисбати тақдири халқу Ватан бетараф нестанд ва ҳамарӯза аз паи беҳбудиву тараққиёти мамлакат мекӯшанд.

Бигзор наҳзатиҳо ғамхорӣ нисбати тақдири ояндаи Тоҷикистонро накунанд, зеро бидуни онҳо низ ҳастанд ононе, ки ғамхориву садоқат ба халқу Ватанро пешаи худ кардаанд. Як нуктаи муҳимро қайд кардан зарур аст, ба дасисаҳои ТТЭ ҲНИ мардуми мо дода нахоҳанд шуд, зеро халқи тоҷик ҳамагон аз ҳадафҳои пасипардагии онҳо ба хубӣ бохабарем ва ҳеҷ як шаҳрванди баору номуси тоҷик пайравӣ ба онҳо нахоҳад кард, чунки пайравӣ ба онҳо дар охир ба пушаймониву раҳгумзадагӣ мерасонад.

Шамил НАЗАРЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh