ЗАҲҲОКСИФАТ, АҲРИМАНСИРИШТ…

Тамомшои филми «Хиёнат-4» маро ба даҳшат овард. Аз пеши назарам солҳои  90-уми асри гузашта, ки дар кишвар нооромӣ ва саргардониҳои зиёдроҳ овард, чун навори филм гузашт.

Он замон кӯдаки мактабхон будему аллакай ба фаҳми баъзе чизҳо мерафтем. Бемарусомонӣ ва нобасомониҳои он замонро ҳарчанд он замон ба маънои томаш дарк намекардем, аммо бо гузашти вақт ба мафҳуми калимаҳои экстремизм, терроризм, гурӯҳҳои ифротӣ, тундгароӣ ва дигар мафҳумҳои мутааллиқ ба ташкилоти террористию экстремистии ҳизби назҳати ислом, ки сарчашмаи ифротгароӣ ба шумор мерафт, расидем. Бо сабаби он ки саркардагони гурӯҳҳои ифротию террористӣ-экстремистӣ ба ҷамъияти мутамаддини ҷаҳон пайваст гардид ва ба ин васила аз паи амали амалҳои аҳриманонаи худ гаштанд, мамлакати офтобрӯи тоҷикон низ рӯ ба харобӣ овард. Ин ташкилот замоне бунёд ёфт ва ба фаъолият шурӯъ кард, ки ба ҷузъ моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ кори хайре накардааст. Ғояи асосии ҳизби назҳати ислом ин мунофиқӣ аст, зеро онҳо доим пайрави моҷароҷӯ буданду мардумро ба моҷарову зиддияту балво меандохтанд. Маҳз фаъолияти ин ташкилот буд, ки ҳаракатҳои террористиаш сохтори сиёсиро фалаҷ гардонда ба соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, сиёсату молиёти кишвар таъсири нобахшиданӣ гузошт, ки хисороти онро то ба ҳанӯз мардуми мо ҷуброн менамоянд.

Душманони миллати мо исломи поку беолоишро ниқоби худ қарор дода, мехостанд ва сулҳу ваҳдати Тоҷикистони тозаистиқлол рахна ворид созанд, оромии ҷомеаро аз байн баранд. Ҷавонони гумроҳу маърифати пастдоштаро ба гурӯҳи худ дароварда,  онҳоро ба куштору хунрезӣ равона мекарданд. 

Ин ташкилот, ки аз замони ба фаъолият шуруъ намуданаш душманиро нисбат ба халқу миллат, нисбат ба ваҳдату амният ва фазои сулҳу орому осудаи мо оғоз кард.

Амалҳои разилонае, ки баъди адои намоз дар масҷидҳои кишвар сар зад ва боиси нооромиҳои зиёд гашт, таҳаммулнопазир буда, кирдори ваҳшиёнаи ташкилотро бозгӯ мекунад. Кирдорҳои разилонаи куштору қатлу ғорат, бераҳмиву шиканҷа додан, раҳгум занондани ҷавонону наврасон ва дигар кирдорҳои разилонаи ин заҳҳоксифатону аҳримансириштонро маҳкум менамоем, зеро даҳшати бесару сомониҳое, ки аз ҷониби аъзои чунин ҳизбу ҳаракатҳо сар заданд, даҳшат буда, муборизаи шадид бурдан бо онҳо моро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик ба дасисаҳои ин гуруҳҳои тундрав ҳеч гоҳ фирефта нахоҳад шуд ва ба сӯи фатҳи қуллаи мурод бурдборона пеш хоҳад рафт.

Шамсия ШОДИЕВА,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh