ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ

Баъди тамошои қисматҳои чаҳоруму панҷуми  филми мустанади «Хиёнат» пеши назари кас, бахусус насли калонсоли кишвар он рӯзҳои даҳшатбор  аз нав  ҷилвагар мешавад. Имрӯз аз миёни насли калонсоли мамлакат касе ҳатто, тоқати ба ёд овардани он рӯзҳоро надорад. Ҳоло  сабабгорони он фоҷиаи ба сари мардуми сарзаминамон омада  аз филм то филми мустанади дигар ошкор шуда истодаанд ва ҳама сокинони кишвар чеҳраҳои ин хиёнаткорони Ватанро дида, нафрат мекунад.

Ҳарчанд  амалҳои ноҷавонмардона ва хиёнаткоронаи ин ашхос байни мардуми диёр ошкор гардид, ин тоифа баҳри худ хулосае набароварданд.  Агар сари вақт аз карда пушаймон мешуданду  чун  шаҳрвандони ҳамин сарзамин ба меҳнати  созандаву бунёдкорона бар нафъи Ватан машғул мегаштанд, барои онон сад маротиба беҳтар мебуд, зеро гуфтаанд, як каф хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар… Аммо онон пушаймон нашуданд, балки  қадами дигаре дар роҳи ҷинояти  нав монданд: Ин паноҳ бурдани ин ифротгароён дар ҳимояи хоҷагони хориҷӣ дар давлатҳои бегона ва бо таъиноти онҳо  сангандозӣ кардан ба сӯи  давлату миллати худ  буд.

Имрӯз ин тоифа кӯшиш мекунанд, бо фирефтани  шаҳрвандони кишвари худ, бахусус  насли ҷавон, ки аз разолат, ҷиноятҳои дар ҳаққи ватани хеш содирнамудаи онҳо ноогоҳ аст, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Ин ҳам бошад, вайрон намудани мафкураи ҷавонон, тафриқаандозӣ, ноором кардани вазъи сулҳу суботи кишвар. Баҳри ин  онҳо аз воситаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода менамоянд. Вале он фарде, ки  аз тинати ин бадфитратон огоҳ аст, шахсе, ки  барояш ватандорӣ шаъну шараф аст  ва баҳри ҳифзу ҳимояи марзу буми ин сарзамини кӯҳанбунёду аҷдодии хеш ба сипар кардани ҷисму ҷони хеш тайёр аст,  ҳаргиз ба  доми фиреби ин тоифа намеафтад. Баръакс, тафаккуру зеҳни хешро бо илму дониши навтарини замона бой гардонида, баҳри пешбурду рушди диёри худ саҳм мегузорад.

Ин Ватан аз они мо, тоҷикони шарафманд, баору нанг аст. Ҳар як шаҳрванди ин сарзаминро мебояд баҳри ободтар, шукуфотар кардани он хизмат намояд. Ва бо аҳли хонадони худ аз  осмони софу беғубораш, обҳои мусаффояш, нони хушлаззаташ, меваҳои шаҳдбораш баҳра барад.

Ирода НОСИРОВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh